Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили ширкатҳои мобилӣ ҳал шудааст


Иттиҳодияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, мушкили пешомада дар тарғиботи ин ширкатҳо ҳалли худро ёфт ва ҳама кор ба ҳолати қаблии худ баргаштааст. Аммо таблиғҷои ин ширкатҳо ҳамоно холист.

Ахиран, шаҳрдории Душанбе барои дар амал татбиқ кардани паёми раисҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон бо як дастури шифоҳӣ дархости коҳиши реклами ширкатҳои мобилиро карда буд, ки боиси сарусадоҳои зиёде дар миёни ширкатҳои мобилӣ ва сармоягузорон шуд.

"Бардошти ғалат аз паёми президент"

Ғафур Эркаев, раиси Иттиҳодияи ширкатҳои мобилӣ, ба радиои Озодӣ гуфт, сабаби сар задани ин мушкилӣ «то ҳадде дар нафаҳмидани ҳадафи шаҳрдорӣ аз сӯи мақомоти иҷроияи шаҳр ва муассисаҳо буд».

Вале оё ин сарусадоҳо дар бораи коҳиши реклама ва тарғибу ташвиқи зарари телефонҳои ҳамроҳ аз тариқи шабакаҳои телевизионии давлатӣ ба тасмимҳои тозаи сармоягузорони хориҷӣ ва обрӯи Тоҷикистон таъсир нарасонидааст?

Шӯҳрат Неъматов, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ба Озодӣ гуфт, маҳдуд кардани реклама маънои маҳдуд кардани бозорро дорад.

Ҷаноби Неъматов гуфт, ҳуқуқдонҳои ин ниҳод феълан дар баррасии ин мавзӯъ ҳастанд, ки оё коҳиши реклама асоси қонунӣ дорад ё не?

Ғафур Эркаев, раиси Иттиҳодияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, мегӯяд, мушкили пешомада ба обрӯю эътибори давлат зарар расонид. Зеро, мегӯяд ӯ, сармоягузорони ширкатҳои мобилӣ сармоядорони хориҷӣ низ ҳастанд.

"Мо зарари чандоне намебинем, вале сармоягузорон мегурезанд"

Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати «Вавилон», мегӯяд, ин иқдом ба фаъолияти ширкатҳо чандон зиёне нарасонидааст. Ҷаноби Файзуллоев дар бораи сармоягузорони хориҷӣ гуфт, онҳо қабл аз вориди бозори Тоҷикистон шудан, албатта сараввал бозорро хуб меомӯзанд.

Марина Рошкина, як масъукли ширкати «Билайн», мегӯяд, ширкатҳои мобилӣ бар иловаи ироаи навъҳои гуногуни хидматрасонӣ ба мардум ва пардохти андозҳо, ҳамчунин, бахшҳои мухталифи иҷтимоӣ, ба мисли варзиш, атфоли бепарастор ва ғайраро ройгон сармоягузорӣ мекунанд.

Хонум Рошкина мегӯяд, ҳар навъ талоши ҷорӣ кардани маҳдудият дар фаъолияти ширкатҳои хусусӣ ба фазои сармоягузорӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Чаро ҷанг алайҳи мобил?

Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, матраҳ шудани мавзӯъи ширкатҳои мобилӣ ба фурӯши саҳмияҳои Индиго ба сармоядорони хориҷӣ ва тағйири номи он марбут аст, ки бо ин роҳ ширкати Тиселл амният ва истиқлоли худро ҳифз кардааст. Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, нафаре аз гурӯҳҳои наздик ба мақомот мехостааст, ки Индигоро бихарад.

Вале Ғафур Эркаев, раиси Иттиҳодияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, мегӯяд, ин овозаҳо ҳақиқат надорад ва ҳанӯзам 40 дарсади саҳмияҳои Тиселл дар дасти бунёди Оғохон аст.

Эмомалӣ Раҳмон, Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ истифодаи беҳудуд ва густардаи телефонҳои мобилӣ интиқод кард. Ва хостори ҷой уфтодани фарҳанги хоси истифода аз ин навъи телефон шуд. Ӯ гуфт, бояд истифодаи телефони мобил барои кӯдкон ва донишомӯзону донишҷӯён манмӯъ шавад.

Аз сӯи дигар, баъди он паём ҳам дар ҷаласаи ҳукумат оқои Раҳмон аз аз вазорати тандурустӣ хост то роҷеъ ба зиёни истиофдаи телефони мобил барои наврасон огоҳӣ нашр кунад. Огоҳие, ки ба маъракаи густардаи зидди ширкатҳои мобилӣ ва кандаи баргаҳои таблиғии ширкатҳои мобилӣ аз ҷодаҳои Душанбе мунҷар шуд.

Ба гуфтаи масъулини ширкатҳои мобилӣ, мушкили ахиран пешомада миёни мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои мобилӣ дуруст фаҳмида нашудани ҳадафҳои раисҷумҳур дар паёмаш аз ҷониби мақомоти иҷроия мебошад.

Танҳо соҳаи пешрафтаи Тоҷикистон

Зимнан, Тоҷикистон дар маҳдудаи пасошрӯравӣ ва натанҳо дар он бо ворид намудани фановариҳои муосири иртиботии ғарбӣ ва роҳандозии он аз беҳтарин вазъи хадамоти телефони мобилӣ бархурдор аст.

Бино ба омори расмӣ танҳо соҳае, ки Тоҷикистон тавонистааст, кулия кишарҳои пасошӯравиро паси сари худ қарор диҳад, рушди фановариҳои иртиботӣ мебошад. Дар ҳоли Тоҷикисон ба сурати куллӣ ба низоми телефони рақамӣ ва ҳатто дар аксари маврид ба навъи пешрафтаи он гузаштааст.

Дар ҳоле, ки дар аксари кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумл дар Русия, барномаи гузариш ба системаи диҷитол ё рақамии телефонӣ ҳанӯз идома дорад.

Коршиносон мегӯянд, фишор болои ин ширкатҳо метавонад то ҷое боиси кундии кори онҳо ва ақибмонии ин соҳаи нисбатан муваффақи Тоҷикистон низ бишавад.
XS
SM
MD
LG