Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон Ҳомид Карзайро меҳмондорӣ кард


Дар оғози боздиди чаҳоррӯзаи худ аз Амрико Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар зиёфате, ки Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико ороста буд, ширкат кард. Ҳадаф аз боздиди Карзай таҳкими равобит ва муносибот бо ҳукумат ва давлати Обама аст, ки гаҳ-гоҳе ба сардӣ гароидааст. Карзай рӯзи душанбе вориди Вошингтон шуд ва қарор аст рӯзи чаҳоршанбе дар Кохи Сафед бо Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мулоқот кунад. Дар музокироти ҷониби афғониву Амрико, ки дар он вазирон ва мақомоти расмии баландпояи ҳукумати Афғонистон ширкат хоҳанд кард, нигарониҳои Афғонистон аз талафоти ғайринзомиён дар амалиёти зидди Толибон ва нигарониҳои Амрико аз ришвахорӣ дар Афғонистон ва идораи заифи умур дар ин кишвар баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG