Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, модарон писаронашонро дар зиндон мебинанд


Вазорати корҳои хориҷаи Эрон гуфтааст, ки ба модари се нафар амрикоии боздоштшуда иҷоза хоҳад дод, то онҳо дар зиндони Теҳрон фарзандони худро бубинанд. Фарзандони онҳо моҳи июли соли гузашта дар марзи миёни Ироқу Эрон боздошт шуда буданд. Дирӯз Манучеҳри Муттакӣ-вазири корҳои хориҷаи Эрон аз телевизиони давлатии кишвараш гуфт, ҳукумат дастур додааст, ки чун иқдоми башардӯстона ба ин модарон раводид дода шавад. Се нафари боздоштшуда гуфтаанд, онҳо дар Курдистони шимоли Ироқ машғули саёҳат будаанд ва агар аз марз ҳам гузаштаанд, ноогоҳона будааст. Аммо Эрон онҳоро ба ҷосусӣ, робита бо хадамоти кашфи Амрико ва убури ғайриқонунӣ аз марз муттаҳам мекунад ва мегӯяд ки онҳоро ба додгоҳ мекашонад. Аъзои хонаводаи онҳо ва Амрико ин иттиҳомотро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG