Хабаргузории нимарасмии "Меҳр" аз Теҳрон иттилоъ додааст, ки вазири дифоъи Эрон, Аҳмад Ваҳидӣ аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард. Ин сафари дурӯза бо дархости вазири дифоъи Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев сурат мегирад. Қарор аст дар гуфтушуниди ҳа йатҳои Эрон ва Тоҷикистон ҳамкориҳои низомии дуҷониба ва масъалаҳои минтақаӣ мавриди баррасӣ шаванд.