Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо Меркел вазъи иқтисодиро баррасӣ кардааст


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел вазъи бозорҳои молии Аврупо ва аҳамияти иқдомоти ИА ба хотири эъмори эътимод дар ин бозорҳоро баррасӣ кардааст. Сухангӯи Кохи Сафед ин гуфтугӯи телефониро аломати “ҳамраъйӣ бо раҳбарони Аврупо дар қиболи вазъи иқтисодии он минтақа” номид.
Бо ин ҳол, вазирони молияи ИА имрӯз дар Брюссел таҳияи як “механизми субот” ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши бӯҳрони қарзҳои Юнон ба кишварҳои дигари ин қораро баррасӣ доранд.
Баҳс рӯи таъсиси як сандуқи кӯмаки 60 миллиардевроист, ки дар дастраси 16 кишвари узви минтақаи евро қарор бигирад. Бархе раҳбарони Аврупо мехоҳанд ҷузъиёти ин тарҳ алакай то шурӯъи кори бозорҳои молӣ дар субҳи душанбе ҳамоҳанг шуда, аз идомаи уфти евро ҷилавгирӣ кунад. Елена Салгадо, вазири молияи Испания, гуфт, ИА ба хотири ҳифзи евро “тамоми кори лозим”-ро хоҳад кард. Аммо вазири молияи Бритониё Элистер Дарлинг ҳифзи евроро масъулияти кишварҳои узви минтақаи евро номид ва гуфт, Лондон аз пешниҳоди таъсиси сандуқи кӯмак пуштибонӣ намекунад.
XS
SM
MD
LG