Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезии дубора дар шаҳри Кӯлоб


Бегоҳи 9-уми май аз дарёи Тебалай, ки аз самти Шӯрообод шурӯъ мешавад, дубора ба шаҳри Кӯлоб сел ворид шуд. Обхезии маргбор ва пурхисороти қаблӣ, ки шаби 6-ум бар 7-уми май рух дод, аз ҳамин дарё маншаъ мегирифт.

Бино ба иттилои хабарнигори радиои Озодӣ, тамоми гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ва техникаҳои соҳилбарқароркунӣ муваққатан аз маҳалли офати табиӣ берун бароварда шуданд.

Бегоҳ сел якчанд кӯчаи шаҳрро фаро гирифт. Ба гуфтаи шоҳидон, шиддати сели имрӯза дар муқоиса ба обхезии рӯзҳои гузашта камтар аст. Вале борони сахт, ки ҳоло дар ин минтақа идома дорад, метавонад онро ташдид кунад.

Нишасти матбуотии раиси шаҳр

Ҳамзамон зуҳри имрӯз Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Кӯлоб, як нишасти матбуотӣ дар робита ба обхезӣ баргузор кард ва дар бораи хисороти он иттилоъ дод. Вай гуфт, то ин соат 9 нафар кушташуда ба қайд гирифта шудааст ва 38 тани дигар беномунишон боқӣ мемонанд. Вале вай таъкид кард, ки ин омори охирин нест ва мақомот шумори дақиқи қурбониёни селро меомӯзанд.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи умури изтирории кишвар теъдодӣ ҳалокшудагонро 15 нафар гуфтааст. Сокинони шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки шумори кушташудагон аз ин рақам ба маротиб бештар аст.

Ба гуфтаи Ҳамид Абдуллоев, сел танҳо дар шаҳри Кӯлоб ва ҷамоатҳои он беш аз 1500 хонаро хароб кардааст. Ҳамчунин 12 пул бар асари сел вайрон шудааст. Обхезӣ 2,5 ҳазор гектар заминро комилан шустааст. Дар пайи ин ҳодиса заводи консервбарории шаҳри Кӯлоб зери об мондааст.

Нахустин кумакҳои башардӯстона


Як қатор созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Ҳилоли Аҳмар, «Наҷоти кӯдакон»-и Бритониё ва ниҳодҳои СММ ба осебдидагони офати табиӣ дар Кӯлоб кумакҳои башардӯстонаи иборат аз хаймаҳо ва ашёи рӯзгордориро ироа кардаанд.

Бино ба иттилои хабарнигори радиои Озодӣ дар минтақа, барои хонаводаҳои бесарпаноҳмонда дар шаҳри Кӯлоб аз сӯи ин созмонҳо ҳудуди 300 хайма, рахтҳои хоб ва дигар ашёи мавриди ниёз оварда шудааст.

Хаймаҳо дар вокзали Кӯлоб, варзишггоҳи марказии шаҳр ва дар ҳавлии Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 33 ҷой дода шудаанд ва садҳо хонавода феълан дар ин хаймаҳо ба сар мебаранд.

Ҳамчунин имрӯз аз навоҳии мухталифи вилояти Хатлон ба Кӯлоб маводи ғизоӣ расонида шудааст.

Камбуди озуқа ва ҷои хоб

Вале ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, пас аз ду рӯзи обхезии маргбор ва пурхисорот камбуди озуқа ва ҷои хоб сахт эҳсос мешавад. Бештари мардуми бехонумоншуда шабҳоро дар берун рӯз мекунанд. Як бахше аз офатзадагон дар хонаҳои наздикон ва ҳамсоягон паноҳ бурдаанд.

Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, кумаки ниҳодҳои давлатӣ хеле ночиз аст ва офатзадагонро асосан мардуми осебнадидаи маҳаллӣ аз гуруснагӣ наҷот медиҳад.

Фоҷиаи Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:47 0:00
XS
SM
MD
LG