Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати нирӯҳои НАТО дар паради Маскав


Имрӯз дар Майдони сурхи Маскав бо як сафороии пуршукӯҳи низомӣ аз солгарди 65-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ таҷлил карданд. Дар ин сафороӣ нирӯҳои кишварҳои узви паймони низомии НАТО низ ширкат варзиданд. Таҷлили имрӯза аз лиҳози домана ва вусъат бузургтарин таҷлил аз Рӯзи Ғалаба аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Барои нахустин бор дар канори ҳудуди 10 000 сарбози артиши Русия ва нирӯҳои кишварҳои дигари пасошӯравӣ дар паради имрӯза дар Маскав нирӯҳои муттаҳидини шӯравӣ дар ҷанги дуввуми ҷаҳон - Амрикову Фаронса ва Бритониёву Лаҳистон низ ширкат гирифтанд. Дар сафороии низомӣ 127 ҳавопаймои низомӣ ва ҳамин тавр, тонкҳову мушакҳои ҳастаӣ ба намоиш баромаданд. Дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав ҳудуди 20 раҳбари давлат, аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG