Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафақаи миёна дар Тоҷикистон 20 доллар будааст


Ожонси омори Тоҷикистон ба хабаргузории русии “Регнум” гуфтааст, мизони миёнаи нафақа дар ин кишвар дар соли гузашта 90 сомонӣ, муодили чизе бештар аз 20 доллари амрикоиро ташкил дод. Нафақаи миёна дар манотиқи рустоӣ 82 сомонӣ, вале дар шаҳрҳо 112 сомонӣ шудааст.
Ҷамъи мардуми нафақахӯр дар Тоҷикистон то 1 январ наздики 554 000 нафар, ё худ 7,3 дарсад аз ҷамъи аҳолии кишварро ташкил дода, ҳар моҳ барои пардохти нафақаи онҳо беш аз 10 миллион доллар сарф мешавад.
Қарор аст, аз 1 октябр нафақаи бознишастагонро 30 дарсади дигар боло бубаранд.
XS
SM
MD
LG