Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб: баъди офат дар талоши зиндагӣ (гузориши видеоӣ)


Бозмондагони фоҷиаи Кӯлоб ҳанӯз ҳам наздикони гумшудаи худро меҷӯянд. То ҳол шумори кушташудагони офати табиӣ дақиқ нест. Бархе аз сокинони бесарпаноҳмонда мегӯянд, то кунун ҳеҷ кӯмаке дарёфт накардаанд.

Сел аз худ гилу санги фаровоне дар ҷодаҳои Кӯлоб ва садҳо манзили вайрона боқӣ гузоштааст. Мардуми осебдидаи Кӯлоб мегӯяд, то ба ҳанӯз ҳеҷ ёрие аз ҳукумат дарёфт накардааст. Хабарнигори Озодӣ як занро дид, ки дар паи обхезӣ сахт маъюб шуда, ба ҷое ҳаракат карда наметавонад. Ин зан гуфтааст, шабро ба чунин ҳол рӯз кардааст.

Фоҷиаи Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:47 0:00


Шумори кушташудагон низ, ба қавли сокинон, аз шумори расмӣ даҳҳо маротиба бештар аст. Қурбон Ойаҳмадов, сокини Кӯлоб, мегӯяд, танҳо аз оилаи бародараш чаҳор нафар дар ин фоҷеа фавтидааст. Ба ҷуз ин, ӯ мегӯяд, танҳо худаш аз зери харобаҳои сел 13 ҷасадро берун кардааст. Мақомоти расмӣ аз 16 кушта хабар медиҳанд, вале мардум мегӯянд, шумори қурбониёни сел бештар аст ва ҷустуҷӯи афроди беномунишон ҳанӯзам идома дорад.

Мардум феълан даруни гилу лой гумшудаҳоро меҷӯянд. Раиси вилоят Ғайбулло Афзал ва вакили мардумӣ аз Ҳизби наҳзати исломӣ Сайидумар Ҳусайнӣ, ки дирӯз аз субҳ дар маҳалли ҳодиса будаанд, барои наҷоти мардум чархбол талаб карда буданд. Чархбол, ҳамин гуна, ба Кӯлоб наомад. Сокинон мегӯянд, эҳтимол буд бо чархбол чандин ҷонро наҷот дода мешуд. Ду БТР аз дивизияи 201-и Русия ба ёрии мардум омада буд.

Кумитаи изтирории Тоҷикистон хисороти селро бино бар ҳисобҳои аввалия беш аз сад миллион доллар гуфт.

Бегоҳи дирӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли ҳодиса сафар кард ва дар бинои ҳукумати Кӯлоб ҷаласаи изтирорӣ доир намуд. Ситоди вижа ташкил шуда, сарварии он ба дӯши муовини аввали сарвазир Муродалӣ Алимардон гузошта шудааст. Муродалӣ Алимардон муваззаф шудааст, ки то 6-уми ноябр охирин манзили зарардида аз ин сел барқарор шавад.


ТАФСИЛОТИ БЕШТАР АЗ ОФАТИ ДИРӮЗА

АКСҲО АЗ МАҲАЛЛИ ОФАТ

АКСҲОИ ҶУСТУҶӮИ ҶАСАДҲО

ВИДЕО АЗ МАҲАЛЛИ ОФАТ
XS
SM
MD
LG