Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия вуруди кӯдакони тоҷикро мамнӯъ кард


Шаҳрвандони Тоҷикистон сар аз рӯзи панҷшанбе ҳақ надоранд, фарзандони хурдсоли худро ҳамроҳашон ба Русия баранд. Русия ба иллати хуруҷи фалаҷи атфол дар Тоҷикистон, вуруди кӯдакони то 6-солаи тоҷикро ба қаламраваш мамнӯъ кард.

Геннадий Онишенко, сартабиби хадамоти беҳдоштии Русия, ба хабаргузории «Интерфакс” гуфтааст, дар шаҳри Ангарск, як кӯдаки тоҷикро бо нишонаҳои бемории фалаҷ бистарӣ кардаанд ва аз ин рӯ то поёни маъракаи ваксинзанӣ алайҳи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон, вуруди кӯдакони хурдсоли тоҷик ба Русия мамнӯъ хоҳад буд.

Ду рӯзи қабл Геннадий Онишенко хадамоти санитарии Русияро муваззаф кард, то аз дӯконҳои ин кишвар чормағз ва меваҳои хушки воридшуда аз Тоҷикистонро барчинад. Бо бурузи маризии фалаҷи атфол дар баробари фурӯш, ҳамчунин ворид кардани меваҳои хушк ва чормағз аз Тоҷикистон ба Русия манъ шудааст. Ниҳодҳои масъули рус гуфтаанд, бо назардошти ҳамкориҳои зичи ду кишвар дар самти воридоти меваҳои хушк хатари ворид шудани маризӣ ба Русия вуҷуд дорад.

Дархости Тоҷикистон аз Русия

Дар ин миён, ҳукумати Тоҷикистон аз Русия тақозо кард, то масъалаи манъи воридоти хушкмеваи Тоҷикистонро бознигарӣ кунад. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, зимни мулоқот бо Сергей Попов, сафири Русия дар Душанбе, аз Маскав хостааст, то масъалаи лағви қарори мазкурро баррасӣ кунад.

Расман аз ибтилои 32 кӯдак ба полиомелит ва марги як нафар хабар дода мешавад. Нусратулло Салимов, вазири беҳдошти Тоҷикистон, гуфта буд, шумори атфоле, ки дар онҳо нишонаҳои маризии фалаҷ дида мешавад, вале ибтилояшон таъйид нашудааст, 206 нафар мебошад.

Қаблан, хабар дода мешуд, ки 12 нафар аз полиомелит дар Тоҷикистон даргузаштаанд ва бештар аз 170 нафари дигари гирифтори он мебошад.

Сар аз якуми май дар саросари Тоҷикистон эмгузаронии атфоли то 6-сола шурӯъ шудааст ва қарор аст, бештар аз як миллион кӯдак дар саросари кишвар то аввали моҳи июн се борӣ эм карда шаванд.
XS
SM
MD
LG