Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Русия хост, қарорашро бознигарӣ кунад


Ҳукумати Тоҷикистон аз Русия тақозо кардааст, то масъалаи манъи воридоти хушкмеваи Тоҷикистонро бознигарӣ кунад. Аввали ин ҳамин ҳафта Хадамоти назорат бар сифати маводи истеъмолии Русия эълом кард, ки бинобар хуруҷи бемории сироятии фалаҷи атфол дар Тоҷикистон воридоти меваҷоти хушк аз ин кишварро мамнӯъ кардааст. Дирӯз Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон зимни мулоқот бо Сергей Попов, сафири Русия дар Душанбе, аз ҳукумати Маскав хостааст, то масъалаи лағви қарори мазкурро баррасӣ кунад. Дар Тоҷикистон то кунун бештар аз 200 мавриди сироят ба бемории хатарноки фалаҷи атфол сабт шудааст ва ин беморӣ то кунун 12 нафарро куштааст.
XS
SM
MD
LG