Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷустуҷӯи роҳи мадоро бо Узбакистон


Дар ҳоле, ки гуфтугӯҳои ахири Душанбе ва Тошканд бар сари боздошти қаторҳои Тоҷикистон ба натиҷае нарасидааст, коршиносони тоҷик дар бораи пазируфтани пешниҳоди Узбакистон ва имкони идомаи гуфтугӯҳо баҳс мекунанд.

Ихтилоф сари сохтмони нерӯгоҳ

Ҳамчунин баҳсу баррасӣ дар идораи ҳафтаномаи «Нигоҳ» сурат гирифт. Ба гуфтаи ширкаткунандагони ин баҳс, нигоҳдории қаторҳо ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун рабти бевосита дорад. Дар ин нишаст таъкид шуд, ки Узбакистон тақозо кардааст, то Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ ва ё барқарорсозӣ дар Роғунро қатъ кунад ва дар он сурат гуфтугӯҳо идома хоҳад ёфт ва мушкилот миёни ду кишвар ҳал хоҳад шуд.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси умури минтақа, бар он аст, ки ин мавзӯъ набояд шарти оғози гуфтугӯҳо бошад. Аммо Нуралӣ Давлат, коршиноси дигар, дар ин бора назари мухолиф дорад. Ба эътиқоди вай, ҳадафи ҳар як гуфтугӯ гузашти дуҷониба аст. Нуралӣ Давлат мегӯяд, «Узбакистон мухолифи сохтмони Роғун нест. Ин кишвар мехоҳад, ки платинаи Роғун паст карда шавад. Ба назари ман, ин пешниҳод мавриди пазириш аст ва он метавонад ҳамаи мушкилот миёни Тоҷикистон ва Узбакистонро ҳал кунад».

Бори гарони Роғун


Дар ин баҳс масъалаи дигаре низ матраҳ шуд, ки оё сохтмони нерӯгоҳи Роғун арзиши ин қадар сарусадо ва ба мушкил рӯбарӯ кардани мардуми Тоҷикистонро дошт? Дар ҳоле ки Тоҷикистон метавонист бо ироаи 70 дарсади саҳмияи Роғун ба Русия ин нерӯгоҳро бе дарди сар бисозад. Зеро ба гуфтаи ин коршиносон, мухолифати Узбакистон дар сохтмони ин нерӯгоҳ аз Русия бештар нест.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик, дар ин маврид мегӯяд, «ман ба назари дигарон розӣ нестам, ки мегӯянд, Роғунро ба Русия бидиҳем ва онро бидуни дарди сар бисозад. Ман мутмаинам, ки агар Русия ҳам ин нерӯгоҳро бисозад, бо назардошти пешниҳоди Узбакистон хоҳад сохт».

Бумбасти муносибот бо Тошканд

Саймиддин Дӯстов, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Нигоҳ», гуфт, ки давлати Тоҷикистон низ дар қазияи ба бумбаст рӯбарӯ шудани равобити Тоҷикистону Узбакистон масъул аст ва мардуми ҷумҳуриро ба мушкил мувоҷеҳ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, «ҳар иқдому қароре, ки давлат дар ин замина иҷро кардааст, боряд ҷавобашро бигӯяд. Барои мисол ба як идеяи миллӣ табдил додани саҳмияҳои Роғун ба назари мо иштибоҳ буд ва бубинед, ки мардуми моро ба чӣ рӯбарӯ кард. Коршиносони Узбакистон ин мавзӯъро хуб омӯхта, моро дар инзивои иқтисодӣ қарор доданд ва, ба назари ман, ин ҳоло иқдоми аввал аст, ки қаторҳои моро монеъ кардаанд. Дар оянда ин кор авҷ хоҳад гирифт ва давраи севвуми он инзивои қонунии Узбакистон бар зидди мо хоҳад буд».

Бозигари севвум

Мавзӯи дигари баҳс ба моҷарои сохтмони Роғун ворид шудани Бонки ҷаҳонӣ буд. Нуралӣ Давлат, коршиноси минтақа, гуфт, ки ворид шудани Бонки ҷаҳонӣ ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба нафъи Тҷоикистон нест. Ва агар Тоҷикистон сохтмони ин нерӯгоҳро ба Бонки ҷаҳонӣ ҳавола кунад, он сохта нахоҳад шуд. Ба эътиқоди Нуралӣ Давлат, баҳси асосӣ ва мухолифоти Узбакистон сари обу обёрӣ аст ва танҳо тавофуқи ду кишвар метавонад ба ин баҳсҳо хотима диҳад.

Вай мегӯяд, «ба назари ман, Тоҷикистон бояд бо Узбакистон дар бораи об як қарордод имзо кунад ва дар он сурат обро бар ивази сохтмони нерӯгоҳ ба Узбакистон пешниҳод созад". Қосими Бюекмуҳаммад, таҳлилгари дигари умури сиёсӣ, низ ба ҳамин назар аст.

Пешниҳоди коршиносон

Ба эътиқоди ширкаткунандагони мизи гирд, агар тақозои Узбакистон дар идомаи гуфтугӯҳо қатъи муваққатии кор дар нерӯгоҳи Роғун то экспертизаи байнулмилалӣ бошад, Тоҷикистон бояд ин пешниҳодро пазирад.

Дар сурати ғайр, ба гуфтаи онҳо, сардии равобит бо Узбакистон бештар хоҳад шуд, ки ба нафъи ду кишвар нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG