Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба эътирозҳои нав дар Юнон


Иттиҳодияҳои касбии Юнон бо вуҷуди ҳалокати се шаҳрванди Юнон дар ошӯбҳои хиёбонии рӯзи гузашта, имрӯз ҳам мардумро ба тазоҳуроти зидди барномаи сарфаҷӯиҳои ҳукумат даъват карданд. Бино бар ин барнома қарор аст андоз зиёд шуда, нафақа ва музди кор коҳиш хоҳад ёфт, то кишвар ба дарёфти 160 миллиард доллар кӯмаки Сандуқи байнулмилалии пул ва Иттиҳоди Аврупо ноил шавад. Ва қарор аст порлумони Юнон имрӯз барномаро ба тасвиб расонад. Ин раъйдиҳӣ як рӯз пас аз ба вуқӯъ мепайвандад. Интизор меравад, аз он ҷо ки ҳукумати сотсиалисти Юнон аксарияти кулли маҷлисро дар даст дорад, қонун ба осонӣ тасвиб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG