Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон дар Иди Ғалаба дар Маскав ширкат хоҳад кард


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлил аз 65-умин солгарди Пирӯзӣ бар фошизм 9-уми май дар Маскав ширкат хоҳад кард. Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ҳамчунин гурӯҳи 70-нафараи донишомӯзони низомии тоҷик низ дар паради Маскав аз Майдони Сурх хоҳанд гузашт. Харҷи сафар, сарулибос ва будубоши онҳоро дар Маскав ҳукумати Тоҷикистон бар зимма гирифтааст. Ҳамчунин 5 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ ба ҳайати расмии Тоҷикистон шомил шудаанд. Паради ҳарбӣ ва ҷашни Ғалаба инчунин дар шаҳри Душанбе низ баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG