Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон хостори лағви раводид бо Тоҷикистон шуд


Мақомоти Эрон ба Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки режими раводид байни ду кишвар бардошта шавад. Барои баррасии ин мавзӯъ як ҳайати расмии эронӣ таҳти раёсати Ҳасан Қашқовӣ, муовини раиси хадамоти консулгарии вазорати хориҷаи ин кишвар, дар Душанбе ба сар мебарад.

Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, интизор меравад мавзӯи лағви режими виза рӯзи 7-уми май дар нишасти муштараки ҳайати расмии Эрон бо намояндагони консулгарии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон матраҳ шавад.

Ҷумҳурии исломии Эрон аз кишварҳои дорои режими шадиди вуруду буруз барои шаҳрвандони хориҷӣ маҳсуб мешавад. Вале тайи як соли ахир Теҳрон барои нарм кардани қавоиди рафтуомад бо кишварҳои минтақа талош кардааст.

Якчанд моҳ қабл мақомоти Теҳрон ба Озарбойҷон низ пешниҳоди лағви раводиди дуҷонибаро карданд, вале Боку ин пешниҳодро беҷавоб гузошт.

Ва барои нахустин бор аст, ки давлати Эрон хостори аз байн бурдани режими раводид бо Тоҷикистон мешавад.

Бархе аз таҳлилгарон сабаби чунин талошҳои Эронро ба вазъи феълии ин кишвар ва дар инзивои байнулмилалӣ қарор гирифтани он рабт медиҳанд.

Вале онҳо мегӯянд, дар сурати аз сӯи Тоҷикистон қабули пешниҳоди Эрон равобит миёни ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг рушд хоҳад кард ва ин тасмим ба хусус ба бахши ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

Эрон дар Душанбе бемористони нав месозад

Имрӯз, 5-уми май, мулоқот ва гуфтугӯи ҳайати эронӣ бо муовини нахуствазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова сурат гирифт.

Ҷаноби Қашқовӣ зимни ин мулоқот гуфтааст, ҷониби Эрон омодааст, сохтмони дармонгоҳи нави бемориҳои пуст дар шаҳри Душанберо сармоягузорӣ кунад ва онро бо тамоми таҷҳизот таъмин созад. Ба гуфтаи ӯ, ин дармонгоҳ ба табобати бемориҳои мухталиф, аз ҷумла пайвандсозии пуст ва навсозии мӯй, машғул хоҳад шуд.

Феълан дар шаҳри Душанбе як бемористон муштараки эронӣ ва тоҷикии мавсум ба Ибни Сино фаъол аст, ки низ бо сармояи ширкатҳои Эрон сохта шудааст ва дар он маризиҳои қалб ва гурда табобат мешавад.

Дар чаҳорчӯби сафари ҳайати эронӣ ҳамчунин дидор ва гуфтугӯ бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар назар аст.
XS
SM
MD
LG