Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осори ҷангӣ дар маърази тамошо


Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод ба муносибати 65–умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм барои нахустин бор 7 ҳазор осори даврони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳониро ба маърази тамошо гузошт.

Ба гуфтаи масъулони осорхона, баргузории намоишгоҳи осори замони ҷангӣ, аз ҷумлаи сислсилатадобирест, ки аз имрӯз шурӯъ шуда ва доимоамалкунанда хоҳад буд. Дар канори ба маърази тамошобинон гузоштани осори даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, намоишгоҳи аксу нигораҳои рассомону наққошони тоҷик, ки низ ба ин мавзӯъ бахшида шудааст, дар толорҳои Осорхонаи миллӣ доир мегардад.

Зафар Иброҳимов, муовини раиси осорхонаи миллӣ, нахуст дар бораи ҳадафи ин иқдом гуфт,

- Ба муносибати 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар толорҳои осорхона намоиши махсус ороста шудааст ва дар ин намоишгоҳҳо осори замони ҷангӣ, назири сару либос, яроқу муҳиммоти ҷангӣ, варақаву плакатҳо, ки асл ҳастанд, ба маърази тамошобинон гузошта шудааст. Намоишгоҳ ду қисматро дар бар мегирад; яке мусаввараи рассомону наққошони тоҷик дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигаре осори даврони ҷангӣ. Мақсади асосӣ низ аз ташкили ин тадбири муҳим ошноӣ ва огоҳии насли имрӯз ба таърихи гузаштаи халқи тоҷик ва ҳамзамон сабақ гирифтан аз он айёми даҳшату фоҷеабор ва ҳамзамон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ тарбия кардани онҳост.

Хуршеди Ҳамдам: - Пас метавон гуфт, ки осори даврони ҷангӣ дар осорхона ба таври асл вуҷуд дорад ё сохта шудаанд?

Зафар Иброҳимов: - Оре, ин осор асл аст ва дар ин миён сару либос, яроқу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар нигораҳо, ки нусхаҳои асл ҳастанд ва рисолати осорхона аст, ки осори таърихиро ҳифз кунад, омӯзад ва онро барои мардум ба намоиш гузорад.

Хуршеди Ҳамдам: - Ин осор ба хусус осори замони ҷангӣ чӣ гуна дастраси осорхона шудааст. Дар асоси ҷамъоварӣ ё худи шоҳидони ҷанг довталабона овардаанд?

Зафар Иброҳимов:
- Дар ҳақиқат бештари ин осор тавассути кормандони осорхона ҷамъоварӣ шудаанд. Зеро, аз оғози ташкили осорхона дар соли 1934, яке аз шаклҳои фаъолият ҷамъоварии нигораҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад ва албатта дар ин миён бархе аз шахсиятҳое ҳастанд, ки мехоҳанд осори худро ба осорхона супоранд, то он ба ёдгор бимонад. Масалан, ахиран Солеҳ Додобоев, яке аз иштирокчиёни барқароркунии ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон, яроқи шахсии худро ба осорхона супорид, ки ин ташаббуси шахсии ин мард аст. Яроқи шахсии вай таҳти рақами давлатӣ ба қайд гирифта шудааст ва он ҳифз карда мешавад.

Хуршеди Ҳамдам: - Дар маҷмӯъ, осори даврони ҷангӣ дар осорхона чӣ миқдорро ташкил медиҳад ва тамошобинон дар намоишгоҳ чӣ теъдодро тамошоӣ хоҳанд кард?

Зафар Иброҳимов: - Ин осор ба наздикӣ ба ҳафт ҳазор адад расид, ки барои нахустин бор ба маърази тамошои бинандагону алоқамандони осорхона гузошта шуд. Аммо ин рақами ниҳоӣ нахоҳад буд. Зеро умед аст, ки боз осори дигаре, ки вориди осорхона хоҳад шуд ва шахсони хайрхоҳ нисбат ба тақдири худ ва фарҳангу таърихи миллат саҳми худро дар зиёд шудани нигораҳо ва маводи мавриди таваҷҷӯҳ ва нодир мегузоранд.

Хуршеди Ҳамдам: - Аммо ҷолибтарин ва навтарин осори ҷангӣ кадом аст, ки ба маърази тамошои бинандагон ва алоқамандқони осорхона гузошта шудааст?

Зафар Иброҳимов:
- Ҳамон гуна ки гуфтем, бештари осори даврони ҷанг, ки ба намоишгоҳ гузошта шудааст, асл ҳастанд ва ҳамаи онҳо нодир хоҳад буд. Вале тамошобини закӣ ҳатман осореро, аз қабили яроқҳои ҷангӣ, либосҳое, ки аз ақибгоҳ ба ҷанговар фиристода шудааст, мактуби халқи тоҷик ба ҷанговарони тоҷик дар набардҳои хунин, ки дар ҳеҷ куҷои дигар, ҳатто дар китобхонаҳо нест ва нодир аст, хоҳанд дид. Ҳамчунин, ба фикри ман тамошобинон радиоприёмникҳоеро, ки ба воситаи онҳо нахустин бор хабари оғози ҷанг шунавонида шуда буд ва хабарҳо низ аз фронт ба василаи ҳамин радиоҳо нашр мешуд ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки мояи таассуроти амиқи бинанда мегардад. Аз сӯи дигар, дар намоишгоҳ, ҳуҷҷатҳо ва милтиқи шахсии Назира Ниёзова, ки ҳамшираи шафқат шуда, дар фронт фаъолият кардааст, низ аст. Ва намунаҳои медалҳо ва нишонҳои ҷангӣ, ки дар осорхона мавҷуд аст.

Хуршеди Ҳамдам: - Аммо мизони вуруди тамошобинон дар ин рӯзҳо, дар рӯзҳои таҷлил аз 65 – умин солгарди пирӯзӣ ба фашизм дар муқоиса ба рӯзҳои маъмулӣ чӣ гуна аст?

Зафар Иброҳимов: - Албатта, таҷриба нишон медиҳад, ки агар дар рӯзҳои маъмулӣ 100 то 150 нафар тамошобин аз осорхона дидан кунад, дар рӯзҳои ҷашн ва рӯзҳои махсус ин теъдод ба ҳудуди 500 нафар мерасад. Осорхона дар ҷиҳати ҷалби тамошобин иқдомотеро рӯи даст дорад, ки ташвиқу таблиғи тамошобин тавассути радио ва телевизион яке аз ин намунаҳост. Бо ин ҳам мо мехоҳем теъдоди тамошогарони осорхона зиёд бошад. Чун насли имрӯз аз тариқи ошноӣ бо осори таърихиву фарҳангӣ бештар аз таърихи миллати худ огоҳ хоҳад шуд, худшиносиаш боло хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG