Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Митчелл ба Ховари Миёна сафар кард


Ҷорҷ Митчелл, фиристодаи вижаи Амрико дар Ховари Миёна, барои оғоз бахшидан ба музокироти ғайримустақими Исроилу Фаластиниён вориди шаҳри Тел Авив шуд. Амос Гилод, як мақоми вазорати дифоъи Исроил гуфт, ки музокироти ғайримустақим рӯзи чаҳоршанбе шурӯъ мешавад. Аммо то кунун маълум нест, Ҷорҷ Митчелл, кай бо намояндаҳои Фаластиниён гуфтӯгу хоҳад кард. Рӯзи шанбе, кишварҳои арабӣ аз талошҳои Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико барои оғози музокироти ғайримустақим миёни Исроилу Фаластиниён ҳимоят карданд. Музокироти мазкур, ки қарор буд моҳи март шурӯъ шавад, бинобар эъломи Исроил барои шаҳраксозӣ дар Байтулмуққадаси Шарқӣ ба таъхир афтод.
XS
SM
MD
LG