Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби Лукашенко худро номзади интихоботӣ мекунад


Дар Беларус раҳбари як ҷунбиши машҳури мухолифон эълон кардааст, ки дар муқобили Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури кунунии ин кишвар номзадии худро дар интихботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ мекунад. Ҳизби За Свободу ё Барои Озодӣ ба сарпарастии Александр Милинкевич ба таври расмӣ сабти ном шудааст, вале борҳо шикоят кардааст, ки мавриди фишор қарор мегирад. Миленкевич мегӯяд:
"Ман тасмим гирифтам , ки номзадии худро дар интихоботи қарибулвуқуъ пешбарӣ кунам. Ин барои ман тасмими ҷиддист".

Лукашенко аз соли 1994 то ҳол дар ин кишвари дорои 10 миллион нафар аҳолӣ раёсат мекунад. Баъд аз пирӯзии вай дар интихоботи моҳи марти соли 2006 мухолифон тазоҳуроти бесобиқаи эътирозии ҷонибдоронашонро созмон доданд ва садҳо нафар фаъолони мухолифон ба зиндонҳо афканда шуданд. Милинкевич дар интихоботи соли 2006 рақиби аслии Лукашенко буд.
XS
SM
MD
LG