Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони нави дзюдои Тоҷикистон


30-юми апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии дзюдо шурӯъ шуд ва дар рӯзи аввали рақобатҳо ғолибон аз рӯи чаҳор вазн муайян гардиданд.

Нуруллоҳ Лоиқов, раиси Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа, ки дар Қасри тенниси пойтахти кишвар то рӯзи 2-юми май идома хоҳад кард, беш аз 140 варзишгар дар ҳайати 18 даста аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат доранд.

Ҷаноби Лоиқов афзуд, Федеросиюни дзюдои ҷумҳурӣ ин мусобиқаро якҷоя бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ва дар ҳамкорӣ бо Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш-алайҳи нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ» баргузор кардааст.

Дар маросими кушоиши мусобиқа Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ҳамзамон ноиби аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, ва хонум Эн Карсон, намояндаи Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, варзишгаронро табрик намуда, ба онҳо комёбиҳо орзу карданд.

Сипас ба собиқадорон ва аввалин устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар риштаи гуштии дзюдо аз Тоҷикистон, монанди Аҳтам Раҷабов, Тағойназар Нодиров, Ғиёсиддин Қаюмов, Амрисултон Наботов, Саймаҳмуд Маҳмарасулов, Маҳмадшариф Сулаймонов, Ҳабибулло Маҷидов, Саламшо Муҳаббатов, Хайрулло Назриев ва дигарон тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Ширкати «Фирӯз» - сарпарасти Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон супурда шуданд.

Худойназар Боқиев, паҳлавони маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, ки дар рушди дзюдо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад, бо тӯҳфаҳои Ширкати «Фирӯз» сарфароз гардид. Фарзандони ӯ Алишер, Рустам ва Расул ба дастовардҳои бузург мушарраф шудаанд. Воқеъан, Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин, дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар ширкат надорад. Ба гуфтаи Нуруллоҳ Лоиқов вай ҳамроҳи мураббиаш Владимир Елчанинов дар ҳамин ҳол дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Тунис, баъдан дар Мисри Араб ширкат меварзад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ғолибон дар чаҳор вазн муайян шуданд:
вазни то 81 кг – 1. Фарҳод Раҳимов (Душанбе). 2. Фарҳод Сафаралиев (Душанбе). 3. Фурқат Назриев (Хатлон-2). 3. Ҷамшеди Иззатулло (Душанбе).
вазни то 90 кг – 1. Шералӣ Бозоров (Душанбе). 2. Раҳматулло Абдуллоев (Душанбе). 3. Хурсандулло Ҳомидов (Душанбе). 3. Абдумалик Лайлиев (ВМКБ).
вазни то 100 кг – 1. Муҳаммад Абдураҳмонов (Душанбе). 2. Набимуҳаммад Хоркашев (Душанбе). 3. Афлотун Зарифбеков (ВМКБ). 3. Бахтиёр Обидҷонов (ноҳияи Рӯдакӣ).
вазни +100 кг – 1. Шавкат Иқболов (Душанбе). 2. Муҳаммадамин Хонов (Душанбе). 3. Нурулло Неъматов (н. Рӯдакӣ). 3. Ҳаким Ҳакимов (Хатлон-1).


Ғолибон ва барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бо медалҳои тилло, нуқраю биринҷӣ, ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федеросиюни дзюдои кишвар, инчунин, тӯҳфаҳои Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мукофотонида шуданд.
Рӯзи дуюми мусобиқа ғолибонро дар вазнҳои то 66 кг ва то 73 кг муайян мекунад. Ғолибон дар вазни то 60 кг дар рӯзи охирини мусобиқа – 2-юми май маълум хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG