Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ: Пирӯзии «Вахш», мусовии «Регар» ва «Истиқлол»


Даври панҷуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо ду бозии дастаҳои пешсаф рӯзи 29-уми апрел оғоз ёфт.

Бозии «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Истиқлол»-и Душанбе бозии марказии даври панҷум маҳсуб мешуд. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода сурат гирифт, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Жаилтон Оливейра, легионери бразилии «Регар» ТадАЗ, дар дақиқаи 33-юм ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро капитани «Истиқлол» Юсуф Рабиев дар нимаи дуюми бозӣ ба самар расонд.

Дар бозии дигари даври панҷум «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Голҳоро Рустам Усмонов (дақиқаи 7-ум), Маҳмадалӣ Содиқов (72) ва капитани «Вахш» Нӯъмонҷон Ҳакимов (90) заданд.



Ба ин тартиб дастаи «Регар» ТадАЗ, ки дар майдони худ аз ду имтиёз бенасиб монд, бо 13 хол мисли пешин дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои аввал мебошад. Пирӯзӣ ба «Вахш» имкон дод, ки бо 12 имтиёз ба ҷои дуюм барояд. Вале «Истиқлол», ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 10 имтиёз ба ҷои сеюм фуромад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 1-уми май


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар»ТадАЗ

5

4

1

0

17-1

13

2.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

5

4

0

1

6-2

12

3.

«Истиқлол» (Душанбе)

4

3

1

0

10-3

10

4.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

4

1

2

1

4-7

5

5.

«Энергетик» (Душанбе)

4

1

1

2

5-4

4

6.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

4

1

1

2

4-5

4

7.

ССКА«Помир» (Душанбе)

5

0

2

3

1-11

2

8.

«Хайр» (Ваҳдат)

3

0

1

2

1-6

1

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

4

0

1

3

1-10

1


Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) бо 7 гол дар ҷои аввал аст.

Даври 5-ум
1-уми май (шанбе)
«Хайр» (Ваҳдат) - «Равшан» (Кӯлоб)
2-уми май (якшанбе)
«Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Энергетик» (Душанбе)
XS
SM
MD
LG