Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои комиссиюни ИМА ба вазъи озодии дин дар Тоҷикистон


Комиссиюни байнулмилалии озодии дини ИМА Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳое ворид кардааст, ки ҳукуматҳои онҳо дар нақзи шадиди озодиҳои диниву мазҳабӣ даст доранд ва бояд мавриди таваҷҷӯҳи хосса қарор бигиранд.

Дар баробари Тоҷикистон ба ин рӯйхат ҳамчунин Куба, Афғонистон, Белорус, Лаос, Русия, Сомалӣ ва як қатор кишварҳои дигар ворид шудаанд.

Ин комиссиюн дар гузориши солонаи худ навиштааст, тайи солҳои ахир вазъи озодии дин дар Тоҷикистон ба таври назаррас бад шудааст. Гарчанде тибқи сарқонуни Тоҷикистон, ин кишвар дунявист ва озодии дин ва эътиқодро эътироф мекунад, вале қонунҳо ва сиёсати давлати Тоҷикистон дар ин самт маҳдудиятҳои бузург эҷод менамояд.

Маҳдудиятҳои Қонуни нави дин

Қонуни нави дини Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2009 аз сӯи раисиҷумҳур имзо шуд, дар ин гузориш қонуни дорои «маҳдудиятҳои шадид» унвон шудааст. Муаллифони гузориш авлавият додан ба мазҳаби ҳанафия, сабти масоҷид аз рӯи шумори сокинони маҳалл, дахолати давлат ба ҳангоми интихоби имомхатибҳо, иҷозаи намозгузорӣ танҳо дар масҷид, ҷои зист ва қабристонро аз бандҳои мушкилзои ин қонун номидаанд.

Комиссиюни озодии дини Амрико менависад, «собиқ муфтии кулли Тоҷикистон Акбар Тӯраҷонзода қонуни нави динро маҳкум кард ва як тарҳи нисбатан либералии қонун дар бораи динро пешниҳод намуд. Вале ба дунболи ин изҳорот ӯро аз воситаи нақлиёти хидматияш маҳрум кардаанд».

Басташавии масоҷид

Дар гузориш омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон давоми соли гузашта бисёре аз масҷидҳо ва ибодатгоҳҳои сабтином нашударо бастааст, дар ҳоле ки дубора ба кушода шудани онҳо иҷозат медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон танҳо як масҷиди ҷомеъро барои гузоштани намози ҷумъа бар сари ҳар 15 ҳазор аҳолӣ иҷозат медиҳад.

Комиссиюн ҳамчунин аз он нигаронӣ кардааст, ки намояндагони давлат, аз ҷумла аъзои Кумитаи амният масҷидҳоро дар саросари Тоҷикистон назорат мекунанд. Ашхоси расмӣ ҷашнҳои арусӣ ва маросимҳои дафнро низ тибқи қонун дар бораи танзими расму оинҳо таҳти назорат қарор додаанд.

Фишор ба ҳиҷобпӯшҳо

Дар гузориш мавзӯи манъи ҳиҷоб дар мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон матраҳ шудааст. Муаллифон менависанд, дар ин кишвар муҳассилин ва омӯзгорони ҷинси зан барои пӯшидани ҳиҷоб мавриди таъқиб қарор мегиранд.

Мақомот ба занон барои ошкоро пӯшидани абзори сари ғайрианъанавӣ монеъ мешаванд.Ягона муассисаи олии таҳсилоти динии ин кишвар - Донишгоҳи исломӣ, ки қаблан мустақил буд, давлатӣ шудааст ва ҳукумат онро зери идораи Вазорати маориф қарор додааст.

Таъқиби салафиҳо

Дар оғози соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон фирқаи Салафия ва адабиёти салафиро дар кишвар манъ кард. Комиссиюни амрикоӣ мегӯяд, ин дар ҳолест, ки ягон нафар мусалмони салафӣ дар Тоҷикистон ба содир кардани кирдори ҷиноӣ муттаҳам дониста нашудааст ва мақомот танҳо тахмин мезананд, ки салафиён метавонанд дар оянда зиёновар шаванд.

Ҳамзамон ҳукумат манъи чопи мавод бо хатти арабӣ дар нашриётҳои давлатиро лағв кардааст, аммо танҳо ба маводҳое иҷозаи нашр дода мешавад, ки масъулони давлатӣ онро таҳдидкунанда наҳисобанд.

Вазъи ақаллиятҳои мазҳабӣ


Комиссиюни озодии дин бо ишора ба манъи равияи Шоҳидони Яҳво ва баҳси калисои Грейс Сунмин, соли гузаштаро барои ақаллиятҳои мазҳабии Тоҷикистон соли фишорҳо муаррифӣ кардааст.

Вазорати фарҳанги ин кишвар адабиёти мазҳабии созмонҳоеро, ки ғайримақбул меҳисобад, манъ мекунад. Аз ҷумла соли гузашта мақомоти Тоҷикистон иҷозаи вуруди як маҷмӯъ китобҳои созмони баптистиро рад карда буданд.

Дар гузориш аз он изҳори ташвиш шудааст, ки дар соли 2008 ягона каниса дар шаҳри Душанбе бо булдозер тахриб шуд. Аҳли ин каниса ва дигар муасисаҳои динӣ барои тахриби биноҳо ҷуброн нагирифтаанд.

Комиссиюни байнулмилалии озодии дини ИМА як ниҳоди мустақили таҳқиқотист, ки ҳарсола дар мавриди вазъи озодиҳои динӣ ва мазҳабӣ дар кишварҳои ҷаҳон пажӯҳиш анҷом дода, гузориш омода мекунад.

Гузоришҳои ин комиссиюн ҳамроҳ бо тавсияҳо ба раисиҷумҳури Амрико, вазири умури хориҷӣ ва Конгресси ин кишвар ироа мешавад.
XS
SM
MD
LG