Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуи Юнон ба зудӣ бароварда хоҳад шуд


Кумиссари ИА дар умури иқтисоду молия Оллӣ Рен гуфт, ин созмон дар садади такмили ҳама ҷузъиёти барномаи кӯмакҳои изтирорӣ ба хотири наҷоти иқтисоди бӯҳронзадаи Юнон аст. Оллӣ Рен изҳори итминон кард, ки тавофуқи ниҳоӣ дар ин замина “то чанд рӯзи дигар” ба даст хоҳад омад.
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел, ки то кунун дар ивази кӯмакҳои молӣ гузоштани шартҳои сангин барои Юнонро тақозо мекард, низ гуфтааст, ки интизор дорад, музокироти масъалаи Юнон дар рӯзҳои наздик ба натиҷа бирасад.
Нигарониҳои афзояндае вуҷуд дорад, ки бӯҳрони қарзҳои Юнон метавонад ба иқтисодҳои заифи дигар аз миёни 16 кишвари узви минтақаи евро низ асобат кунад.
XS
SM
MD
LG