Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роспотребнадзор аз полиомелит дар ташвиш уфтодааст


Роспотребнадзор, идораи назорати молҳои истеъмолии Русия гуфтааст, тамоми ҳавопаймоҳоеро, ки аз Тоҷикистон меоянд, таҳти назорат хоҳад гирифт. Ин идора ҷилавгирӣ аз густариши бемории сироятии полиомелит, ё худ фалаҷи кӯдакро далели аслии ин тасмим ном бурдааст.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ахиран дар бораи 123 мавриди эҳтимолии гирифторӣ ба полиомелит дар Тоҷикистон, ки дар 11 маврид мунҷар ба фавти атфол шудааст, хабар дод. ЮНИСЕФ, Сандуқи кӯдаки СММ, ба дунбол ба ин кишвар қариб 4 миллион воксини зидди ин беморӣ ироа кард. Бар пояи ин кӯмак, бояд то ду моҳи оянда дар Тоҷикистон маъракаи эмкунии беш аз 1 миллион тифли зери синни панҷсола анҷом шавад.
XS
SM
MD
LG