Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАЛКО баъди бӯҳрон аз нав ба худ меояд


Ширкати алюминсозии Тоҷикистон -ТАЛКО дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 90 000 тонна алюминиуми аввалия тавлид кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6 дарсад бештар аст. Вазири иқтисоди Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев гуфт, имсол ба хориҷ 76 000 тонна алюминиум фурӯхтаанд, ки аз ин ҳисоб 166 миллион доллар ба даст омадааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ба иллати бӯҳрони ҷаҳонӣ ва пойин рафтани қимати фулузот аз ҳисоби фурӯши тавлидоти ТАЛКО ҳамагӣ 102 миллион доллар ба дасти Душанбе омада буд. Беш аз 70 дарсади содироти Тоҷикистонро фурӯши фаровардаҳои ТАЛКО ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG