Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси аксҳои Сталин дар намоиши 65 солагии ғалаба


Дар ҳоле, ки Маскав мехохад 65 умин солгарди анҷоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳониро дар як ҷашни бошукӯҳ таҷлил кунад, баҳсҳо дар сари намоиш додан ё даст кашидан аз аксҳои раҳбари солҳои ҷанги Шӯравӣ Иосиф Сталин ин равандро соядор кардааст.

Ба назари мерасад, ки шаҳрдори Маскав дар посух ба интиқоди шадиди ҳомиёни ҳуқуқи башар, мехоҳад тасмими қаблии худро бознигарӣ кунад, аксҳои Сталинро дар осорхонаҳо ҷой диҳад ва аз кӯчаҳо дур нигаҳ дорад.

Қаҳрамони ҷонбасаломатбурдаи Ҷанги Дувуми Ҷаҳон Олга Косорез дар солҳои ҷанги ватанпарастона бо ихтиёри худ ба ҷабҳа рафт ва то анҷоми он ва ба сифати оператори радио хизмат мекард.

Ӯ яке аз чандин нафар қаҳрамонҳои ҷанг аст, ки соли 1945 дар охирин набарди суқути Берлин ширкат кардааст.

Ҳоло ӯ дар интизори таҷилил рӯзи Ғалаба мисли втеранҳои дигар ордену медалаҳои худро омода мекунад. Аммо на ҳама барномаҳои шаҳрдорӣ ба ӯ писанд аст.

Тасмими баҳсбарангези Лужков

Юрий Лужков, шаҳрдори Маскав тасмим гирифта буд, ки ҳамчун як бахши барномаҳои ҷашнӣ аксу плакатҳои Сталинро дар кӯчаҳои шаҳр ба намоиш гузорад.

Ин тасмим эъитрозҳои шадид, бо шумули эътирози Олга Косорез ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро ба миён овард.

Косорез бо нӯҳ қаҳрамони даврони ҷанг ба Лужков нома навишт ва ба тасмими намоиши портретҳои Сталин эътироз кард.

Ӯ ба ҳамҷабҳаҳои худ мегӯяд: "Дӯстони арҷмани ҳамҷабҳаи ман, наход шумо то ҳол натавонистаед худшинос бошед ва мехохед ғалабаи худ, ғалабаи онҳоеро, ки дар майдо ҷанг ҳалок шудаанд, ғалабаи миллионҳо бародари моро ба ин семинаристи камсавод, тақдим кунед, ки шуморо одам намедонист ва танҳо як мурвати хурди мошини давлатдории худ ҳисоб мекард."

Косорез ин иддаоро, ки барои пирузӣ дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон бояд аз Сталин миннатдор буд, рад ва ба созиши Сталин бо Гитлер дар соли 1939 ишора мекунад.

"Раҳбарони ҳарбии босавод ва бо салиқа, ки артишро барои ҷанг омода мекарданд, кабл аз ҷанг ҳамчун душмани халқ ба қатл расиданд. Артиш бесарвар буд. "падари мардум" ба таъкиди истихбороти мо дар бораи таърихи дақиқи шурӯъи ҷанг бовар накард. Ӯ ба созиш бо Гителри фашист итминон кард".

Ба назар мерасад, ки афкори умум мақомоти Маскавро ба истилоҳ дар кунҷе ҷо кардааст, ки ба ҷуз бознигарии тасмим дигар роҳи фирор надоранд.

Бознигарии тасмими шаҳрдорӣ. Чаро?

Нашрияи "Комерсант" аз қавли Людмила Шевцова, муовини Лужков гуфтааст, ки шаҳрдорӣ тасмим гирифт дар таҷлили солгарди рӯзи Ғалаба, аксҳои Сталинро ба намоиш нагузорад. Мухлисони доҳии замони ҷанг метавонанд портретҳои ӯро дар осорхонаи Поклонная Гора бубинанд.

Зидунақизиҳо бар сари портретҳои Сталин, ба мисли нақши худи Ситалин дар таърихи кишвар, шикофи ҷиддиеро дар ҷомеъаи Русия ба вуҷуд овардааст.

Интиқодгарон бо ёдоварӣ аз Гулаг ё "Террори бузург" , куштори миллионҳо дар давраи поккориҳои сталинӣ, созиши Сталин бо Гитлер ёдовар мешаванд, ки кишварро дар баробари ҳуҷуми фашистҳо заъфпазир ва 15 миллон инсонро қурбон кард

Аз суи дигар ҷонибдорони Сталин мегуянд бо вуҷуди кор гирифтанд аз усули мушти оҳанӣ Иосиф Сталин кишвари қафомондаро саноатӣ кард ва ва дар набард бо фашистҳои Олмон дастболо шуд.

Баҳсҳо дар атрофи номи Сталин ҳамчунин танишҳои сиёсӣ дар байни шаҳодори Маскав Юрий Лужков, ки ду даҳсола боз пойтахти Русияро ҳамчун хонаи шахсияш идора мекунад ва Кремлин, ки мехоҳад Лужковро аз мақом дур кунад, ошкор кардааст.

Истифода аз номи Сталин барои ҷалби солмандон

Дар ҳоле ки Кремлин худро аз рамзҳои давраи Сталин дур мегирад, Лужков баръакс ба Сталин арҷ мегузорад ва дили мухлисони ӯро ба даст меорад.

Таҳлилгари сиёсӣ Димтрий Орешкин мегуяд, ҳадафи аслии Лужков аз намоиши портретҳои Сталин талоши дастёбӣ ба пуштибонии мардуми солхурд ва мардуми бумии пойтахт, яъне дастёбӣ ба ҳаводорони Сталин аст.

Николай Усков сардабири Маҷаллаи GQ дар сомонаи блогнависон дар "ЛайфҶоурнал" аз мардум даъват кардааст, ки саркашии шаҳрвандӣ нишон бидҳанд ва портрету плакатҳои Сталинро аз кӯчаҳо бикананд.

Аз сӯи дигар бинобар назарсанҷии маркази афкори умуми "ВЦИОМ" - 37 дар сади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки нисбати Сталин эҳсоси мусбат доранд. 54 дар сад ҳунари раҳбарии Сталинро хеле баланд арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG