Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чиниҳо аз замини иҷораашон истифода накарданд


Шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин як ҳазору 200 ҳектор заминро дар ноҳияи Фархор соли гузашта ба мақсади кишти шолӣ иҷора гирифтанд, вале имсол аз он истифода набурданд.

Рухсора Шарипова, муовини раиси кумитаи заминсозии минтақаи Кӯлоб дар ин маврид мегӯяд, соли гузашта онҳо ба хотири кишти шолӣ ба чиноиҳо тибқи як шартнома замин доданд, вале бо баҳонаҳои гуногун ин заминҳо то ҳанӯз мавриди истифода қарор нагирифтанд.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли хонум Рухсора дар ин заминҳо имкони рӯёнидани ду ҳосил вуҷуд дошт, вале дар ҳоли ҳозир замони кишти якум ба охир расидааст.

“Тамоми ҳуҷҷатгузориро анҷом доданд. Аввал гуфтанд, ки техникаи мувофиқ пайдо накардем. Сипас гуфтанд, ки мо бояд шаҳрвандони худро дар ин ҷо барои кор биёрем. Бо ҳамин дигар наомаданд”.

Ба ҷуз чиноиҳо, инчунин кореягиҳо низ барои гирифтани замини кишт ба ҳукумати ноҳияи Фархор муроҷиат кардаанд.

Кореягиҳо ҳам мехоҳанд замин гиранд


Аммо Нуралӣ Гулов, муовини раиси ҳукумати ноҳияи мазкур мегӯяд, бинобар мушкил будани ҳуҷҷатгузорӣ кореягиҳо аз гирифтани замин дар ноҳия худдорӣ кардаанд.

“Заминҳоро омада диданд, вале аз сабабе, ки баъзе масъалаҳои ташкилиаш ба ҳукумати марказӣ ва вазоратхонаҳо дахл дошт, кор ҳал нашуд”.

Таваҷҷуҳи чиноиҳо ва кореягиҳо ба замин дар ноҳияи Фархор дар ҳолест, ки аксари сокинони ин ноҳия аз надоштани замини кишт шиква мекунанд.

Дар ҳоле, ки худи тоҷикон замини кишт надоранд

Маҳмадӣ Одинаев, раиси маҳаллаи Дарқади ноҳияи Фархор мегӯяд, дар маҳаллаи онҳо беш аз 500 хонавода ба сар мебарад, ки аксарашон замини кишт надоранд.

Ӯ мегӯяд, муроҷиати даҳкарати онҳо баҳри дастраси ба замин барои сокинон бенатиҷа анҷом ёфтааст.

“Ё назди раис вилоят меравем ё назди президент, дар ин ҷо дигар чора надорем. Вақти кишту кор ҳам гузашт”.

“Заминро ба хориҷиҳо надиҳед”


Дар ҳамин зимн, Орзу Ҳамидов, коршиноси маҳаллӣ тақсими замин ба шаҳрвандони дигар кишварҳоро қобили қабул намедонад.

“Бояд ҳукуматҳои маҳаллӣ талош кунанд, то сокинони бумӣ истифодаи самараноки заминро биомӯзанд, на ин ки заминро ба дигарон бидиҳанд. Истифодаи босамари замин метавонад, раванди муҳоҷирати кориро коҳиш диҳад. Заминдориро ба мардуми бумӣ бояд омӯхт, то ба муҳоҷират рӯ наоранд ва аз ҳамин ҷо фоидаи хуб ба даст биоранд”.

Замони шӯравӣ дар ноҳияи Фархор кореягиҳо заминҳои зиёдеро дар ихтиёр дошта, аз онҳо ҳосили хуби шолӣ ва пиёз мерӯёнданд, вале замони ҷанги дохили онҳо Тоҷикистонро тарк гуфтанд.

Ба гуфтаи мақомот маҳз наздикони ҳамон кореягиҳоянд, ки ду бора ба талаби замин омадаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки таи ду сол боз чиниҳо дар ноҳияи Данғара беш аз сад ҳектор заминро дар ихтиёр дошта, сабзаҷот кишт мекунанд.
XS
SM
MD
LG