Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорат бо Узбакистон 3 маротиба кам шудааст


Тиҷорати миёни Тоҷикистону Узбакистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ қариб 3 баробар кам шудааст. Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, имсол ҳаҷми табодули молу коло бо Узбакистон ҳамагӣ 19,4 миллион долларро ташкил дод, ки баробари ҳамагӣ чизе бештар аз 36 дарсади ҳамин давраи соли гузашта аст. Оқои Ҳамралиев гуфт, дар сурати ҳусни таваҷҷӯҳи тарафайн ва аз байн бурдани мавонеъи мавҷуда тиҷорати миёни Тоҷикистону Узбакистон метавонад ба таври қобили мулоҳиза рушд кунад.
XS
SM
MD
LG