Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс ва Барак дар бораи роҳҳои ҳалли мавзӯъи Эрон


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс аз барномае, ки Пентагон ҷиҳати муқобила ба таҳдиди барномаҳои ҳастаии Эрон таҳия кардааст, изҳори “ризоияти комил” кард. Гейтс дар Вошингтон ҳамроҳ бо ҳамтои исроилиаш Эҳуд Барак бо хабарнигорон сӯҳбат мекард. Барак ҳам ба навбаи худ аз стротежии Амрико, ки ҳалли баҳси ҳастаии Эрон аз роҳҳои дипломатӣ ва таҳримотиро дунбол мекунад, пуштибонӣ кард, вале афзуд, Исроил интизор дорад, ки таҳримот “муассир” иттифоқ хоҳанд уфтод. Роберт Гейтс ҳамчунин Эрону Сурияро айбдор кард, ки Ҳизбуллоҳи Лубнонро бо мушакҳову рокетҳои мураккаб таъмини силоҳ мекунанд. Гейтс гуфт, ин гурӯҳи мусаллаҳи шиа суботи минтақаро ба ҳам мезанад.
XS
SM
MD
LG