Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико диктатори собиқро истирдод кард


Мануэл Антонио Норйега, собиқ раҳбари Панама, аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Фаронса истирдод шуд. Дар Фаронса Норйегаи 72-соларо маҳбас барои «шустушӯи пул» дар бонкҳои фаронсавӣ интизор аст.

Норйега дар соли 1983 дар Панама ба сари қудрат омад ва дар аввал муттафиқи ИМА шинохта мешуд. Вале дар авохири даҳаи ҳаштод ӯ кишвари хурди худро ба маҳалли тронзити кокаин аз Колумбия табдил дод.

Дар моҳи декабри соли 1989 дар натиҷаи як амалиёти низомии амрикоиён Норйега дар Панама боздошт шуд, ба Амрико бурда шуд ва барои тиҷорати маводи мухаддир ба муддати 30 сол зиндонӣ гардид.

Ду соли қабл ӯро пеш аз мӯҳлат озод карданд, вале дар маҳбас барои истирдод ба Фаронса нигаҳаш доштанд. Дар Фаронса собиқ раҳбари Панамаро барои шустушуйи пул дар бонкҳои он кишвар ва тиҷолрати маводи мухаддир даҳ сол ҳукм додаанд ва ҳам ҷарима кардаанд.

Вакилони дифоъи Норйега бо ишора ба он ки ӯ асири амалиёти низомӣ мебошад, талаб доранд, ки ба Панама бозгардонида шавад, вале дар ин сурат ҳам қисмат барои собиқ раҳбари Панама нахандидааст. Собиқ диктаторро дар ватанаш 20 соли зиндон бо ҷурми кушторҳои сиёсӣ интизор аст.
XS
SM
MD
LG