Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари собиқи Панама ба Фаронса мустарид мешавад


Вазири хориҷаи Амрико Ҳиларӣ Клинтон дирӯз дастури истирдоди раҳбари собиқи Панама Мануэл Норйега ба Фаронсаро имзо кард. Норйега, ки бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дар Амрико ба 17 соли зиндон маҳкум шуда буд, мебоист моҳи сентябр аз маҳбас раҳо мешуд.
Додгоҳи Фаронса низ ҳанӯз соли 1999 Норйегаро дар ғайбаш бо ҷурми шустушӯи пул ба 10 соли зиндон маҳкум кард, вале Порис мегӯяд, дар сурати истирдоди генерал алайҳи Норйега мурофиаи нав барпо хоҳанд кард.
Мануэл Норйега аз соли 1983 то 1989 раҳбари Панама буд. Мақомоти ин кишвари ҳавзаи Кариб низ истирдоди ӯро тақозо карда гуфтаанд, ки Норйега дар Панама ба даст доштан дар қатли мухолифини сиёсиаш муттаҳам мешавад.
Нирӯҳои Амрико соли 1989 ба хотири боздошти Норйега қаламрави Панамаро ишғол карда буданд.
XS
SM
MD
LG