Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббӣ: «Рустами Эмомалӣ дар пирӯзиҳои мо саҳм дорад»


Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи «Истиқлол» -и Душанбе, меҳмони барномаи «Ҷаҳони варзиш» буд. Ва ҳоло фишурдаи мусоҳибаи хабарнигори радиои Озодӣ бо ҷаноби Ғафуров ба хонандагони сомонаи интернетӣ пешкаш мешавад.

- Имсол ба ҳайати даста киҳо даъват шуданд?
- Ба ҳайати даста се бозигарро даъват кардем, ки инҳоянд: Анвар Норқулов (аз дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа), Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров) ва дарвозабон Алишер Тӯйчиев, ки дар дастаҳои футболи Узбакистон бозӣ кардааст.

- Имсол дар назди даста чӣ вазифа гузошта шудааст?
- Вазифаи мо соҳиб шудан ба яке аз ҷойҳои ифтихорист.

-Ба андешаи Шумо дар мусобиқаи имсола кадом дастаҳо барои унвони қаҳрамонӣ муддаъиёни аслӣ мебошанд?
- Ба назари ман имсол дастаҳои «Вахш», «Регар» ТадАЗ, «Хуҷанд» ва «Истиқлол» муддаъиёни аслии унвони қаҳрамонианд.

-Чунон, ки огаҳем, дастаи «Истиқлол» ҷамъомади таълимию тамриниро пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар Туркия анҷом дод. Оё Шумо аз ин давраи омодагӣ ба мусобиқаи имсола қаноатмандед?
- Албатта. Хуб мебуд, дастаҳои футболи кишварамон ба хориҷа сафар намуда, дар беҳтарин майдонҳо тамрин мекарданд ва бозиҳои контролӣ анҷом медоданд. Агар мо танҳо дар дохили кишвар бо дастаҳои маҳаллӣ бозӣ кунем, аз ин маҳорати мо ба таври зарурӣ такмил намеёбад.

- Вале барои сафари хориҷа на ҳамаи дастаҳо имкони хуби молӣ доранд. Воқеъан, оё дастаи «Истиқлол» аз ин ҷиҳат мушкил надорад?
- Хушбахтона, мушкил надорем. Ба андешаи ман дастаҳои Лигаи олӣ бояд сарпарасти хуб дошта бошанд, ки ба онҳо ҳамаҷониба кӯмак кунад. Мо аз ҷиҳати молӣ танқисӣ намекашем.

-Дар бораи мусобиқаи имсола чӣ назар доред?
-Чемпионати имсола хуб мегузарад. Зеро аз чаҳор давра иборат аст. Ин имкон медиҳад, ки ҳар кадом даста 32 бозӣ анҷом бидиҳад. Вале аз тарафи дигар барои дастаҳои аз ҷиҳати молӣ заифтар дар ҳамаи бозиҳо то охири мусобиқа бо ду ҳайат ширкат кардан мушкилоти зиёд пеш меорад.

-Оё варзишгоҳи «Истиқлол» ба талабот пурра ҷавобгӯст?
-Чамани майдон дар ҳамин ҳол барои бозӣ мувофиқ аст. Вале, мутаассифона, варзишгоҳи мо барои тамошобинон минбарҳои нишаст надорад. Раҳбарони даста мекӯшанд, ки ин масъала то охири сол ҳал шавад.

-Дар бораи вазъи дигар майдонҳо чӣ андеша доред?
-Ба назари ман дар айни ҳол танҳо вазъи майдони варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода хубтар аст. Вале ҳолати дигар майдонҳо барои бозӣ мувофиқ нест. Шояд моҳи май нағзтар шаванд.

-Ба шунавандагони маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» чанд нафар бозигарони ҳайати асосии дастаро номбар мекардед.
- Дарвозабонҳо Алишер Тӯйчиев ва Амоншо Саодатсайров, бозигарони пуртаҷриба - капитани даста Юсуф Рабиев, Анвар Норқулов, футболбозони ҷавону моҳир Далер Тухтасунов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Самад Шоҳзуҳуров, Фарҳод Тоҳиров ва дигарон.

-Воқеъан, ҳамлагар Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҷури Тоҷикистон, ду сол аст, ки дар ҳайати дастаи «Истиқлол» дар мусобиқаи Лигаи олӣ ширкат мекунад. Дар бораи ӯ чӣ гуфтаниед?
-Рустами Эмомалӣ дар бозиҳои аввали имсола иштирок дошт ва кӯшиш намуд, ки бозии хуб нишон диҳад. Дар пирӯзиҳои даста, албатта, саҳмгузор аст. Умедворем, ки дар оянда яке аз бозигарону хубу таҷрибадор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG