Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии талошҳои навбатии Эрон


Талошҳои дипломатии Эрон ба хотири гирифтани пеши роҳи таҳримоти нави СММ дар мулоқотҳои вазири хориҷаи ин кишвар Манучеҳри Муттакӣ бо мақомоти Австрия зоҳиран ба пешрафти андаке ноил шудааст. Австрия, яке аз аъзои ғайридоимии Шӯрои Амният, гуфтааст, агар Теҳрон мехоҳад аз чунин муҷозот ҷилавгирӣ кунад, худ бояд ба рафъи нигарониҳои байналмилалӣ дар бораи фаъолиятҳои ҳастаияш тамаркуз кунад. Боздиди Муттакӣ аз Вена ба дунболи сафари раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба кишвари африқоии Уганда аст. Уганда низ яке аз 10 узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ мебошад.
XS
SM
MD
LG