Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари коршиносон ба паёми солонаи президент


Таҳлилгарону соҳибназарони тоҷик аз сарфи назар шудани масоили марбут ба густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба хусус фаъолияти аҳзобу созмонҳои иҷтимоӣ, озодии баён ва дигар равандҳои демократӣ дар паёми раисиҷумҳур ба порлумон изҳори таассуф кардаанд.

Ба таъкиди онҳо, танҳо нуктаи ҷолибе, ки дар паём дар мавриди ҳамкорӣ бо аҳзоби сиёсӣ зикр ёфтааст, ба эътибор гирифта шудани пешниҳодот аз барномаҳои қабл аз интихоботии аҳзоби сиёсӣ аст.

Ҳарчанд паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон дар рӯзи гузашта ба таври мустақим аз тариқи чаҳор шабакаи давлатии ин кишвар пахш гардид, вале шоми дирӯз ва субҳи имрӯз низ бори дигар тавассути телевизион такроран намоиш дода шуд. Масъулони давлатӣ ин иқдомро ба хотири огоҳии комили мардум аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар арзёбӣ мекунанд.

Норавшании паём


Аммо бархе аз таҳлилгарон ва соҳибназарон, ки ин паёмро бо таваҷҷӯҳи хосе шунидаанд, аз он изҳори тааҷҷуб доранд, ки ҳарчанд муддати даҳ соли ахир раисиҷумҳур ба порлумон ва дар маҷмӯъ ба мардум паём медиҳад, аммо мӯҳтавои он равшан нест.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик, дар ин бора мегӯяд, «то ҳануз равшан нашудааст, ки паёми раисиҷумҳур чи медиҳад ва агар ин паёмро муқоиса кунем ба паёме, ки Обама ё Медведев ба мардумашон медиҳанд, то куҷо қобили қиёс буданаш зери суол аст. Ба фикри ман, паём бояд паҳлуҳои стратегие дошта бошад, ки давлат ва ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ аз он кор бигиранд».



Болотар аз ҳама нигаронии Раҷаби Мирзо ва бархе аз таҳлилгарону коршиносон аз он аст, ки дар паёми ахири президент Раҳмон, масоили марбут ба густариши ҷомеаи маданӣ сарфи назар шудааст. Вай мегӯяд, «воқеан ҳам мо эҳсос накардем, ки ҳукумат ҳануз ниёзи худашро барои сохтан ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва такя задан ба институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифодаи онҳо ҳануз ҳис накардааст».

Ин таҳлилгари тоҷик меафзояд, ҳамакнун нобоварии давлат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар ин зимн то куҷо ҳукумат дар заминаи ба даст овардани иттилооти дақиқу саривақтӣ муваффақ хоҳад шуд ё хайр, суолест хеле ҷиддӣ.

Сарфи назар аз масоили ҷомеаи шаҳрвандӣ

Ба таъкиди коршиноси дигари тоҷик Раҳматулло Валиев бештари нукотеро, ки раисиҷумҳур дар паёмаш ба порлумон баршумурдааст, аз ҷумла мубориза алайҳи фасодро, танҳо бо кумаку мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба хусус аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва расонаҳои хабарӣ, метавон мавриди амал гузошт.



Вай гуфт, «он чи президент пешниҳод кардааст, бо ин роҳҳо намешавад, пеши роҳи коррупсияро гирифт. Барои мубориза бо коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ҷалб карда шавад. Дар ин бора ягон чи гуфта нашуд. Шаффофияти кори ҳукумат, буҷа ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ бояд таъмин шавад. Шаффофияти ин корҳоро худи онҳое, ки сари вазифа ҳастанд, таъмин карда наметавонанд. Танҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки дар ин кор саҳми муносибе дошта метавонад».

Ҳазар аз ҳам
корӣ бо аҳзоб

Ҳикматуллои Сайфуллозода, коршиноси маркази таҳлилии «Диалог»-ро ишораи президент Раҳмон дар бораи ба эътибор гирифта шудани пешниҳодоти бархоста аз барномаҳои қабл аз интихоботии аҳзоби сиёсӣ хушнуд кардааст. Аммо вай мегӯяд, он чи мояи ҳайрат аст, ки дар паёми раисиҷумҳур ин пешниҳодот равшан баршумурда нашудааст, то мардум воқиф шаванд.



Сабаби ин амалкардро ҷаноби Сайфуллозода чунин шарҳ медиҳад, ки «доираҳои манфиатхоҳе, ки ин паёмро омода мекунанд ва дар ниҳодҳои марбутаи ҳукумат ҳастанд, ҳоло ҳам ба таври дилхоҳ ва муносиб маҳбубият ба ҳизбҳои назари мухолифдоштаро надоранд. Пас онҳо вақте, ки номи як ҳизбе ё як ҷузъи барномаи марбути ҳизби дигарро бидонанд, пас ин ишорае мешавад барои дурнамо, ки бубинед, пас ин ҳукумат то ба имрӯз ҳар он чи мекардааст, аз ҷониби ҳизби мухолиф мекардааст ва ба ин далел ин бояд ошкор нашавад ва ҳар чи, ки мекунем, ин моли ҳукумат аст».

Вижагиҳои паёми президент

Аммо интиқоди таҳлилгарону коршиносон дар мавриди сарфи назар шудани нақшу ҷойгоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар демократисозии ҷомеаи Тоҷикистон дар паёми раисиҷумҳур ба порлумон дар ҳолест, ки Фаррух Умаров, корманди Маркази мутолеоти стратегии вобаста ба расёти ҷумҳурии Тоҷикистон, ниёзеро барои ишора ба ин масоил мантиқӣ намедонад.

Вай мегӯяд, «ин паём хусусияти вижа дошт ва вижагиаш он буд, ки паём дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молӣ ироа мешавад. Президенти Тоҷикистон низ бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ паёмашро ироа кард. Сабаби ишора накардан ба таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ он аст, ки ин масоли дар Қонуни Асосии Тоҷикистон сабт шудааст ва гуфта шудааст, ки Тоҷикистон дар роҳи эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Дар ҳар паём таъкид кардан ба ин нукта аз рӯи мантиқ нест».



Зимнан, паёми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи шанбе дар иҷлоси муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллии порлумони ин кишвар бо ҳузури масъулони ҳукумат ва раёсати ҷумҳурӣ ва ҳамчунин раҳбарони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ироа гардид.

Истиқлоли энержӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилии Тоҷикистон аст, ки дар паёми президент садо доданд.
XS
SM
MD
LG