Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирк ба Туркманистон баргашт


Имрӯз дар Туркманистон барои нахустин бор дар тақрибан даҳ соли ахир намоиши ҳунармандони сирк баргузор шуд. Дар ин намоиш раисиҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳузур дошт. Тамошобинон ҳунарнамоии артистони сирк аз Лаҳистон, Руминия ва Украинаро тамошо карданд.
Соли 2001 раҳбари вақти Туркманистон Сафармурод Ниёзов намоишҳои сиркро чун “фарҳанги барои туркманҳо бегона” мамнӯъ эълон карда буд. Намоиши опера ва балет ҳам дар Туркманистон ҳам манъ шуда буд. Баъд аз даргузашти Сафармурод Ниёзов дар соли 2006 қарорҳо дар бораи манъи сирк ва операву балет аз сӯи раисиҷумҳури нав лағв карда шуданд.
XS
SM
MD
LG