Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ССМ қазияи шиканҷа дар Қазоқистонро баҳс мекунад.


Кумитаи зидди шиканҷаи СММ даъвои шиканҷа дар идораҳои полиси Қазоқистонро дастрас намудааст. Муаллифи ин даъво Ҷеймс Голдстон, раиси "Ташаббуси адолати ҷомеаи озод" ё худ "Open Society Justice Initiative" мебошад, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат намуд.

Моҳи марти соли 2007-ум Александр Герасимов ба идораи полиси шаҳри Қостанай, воқеъ дар шимоли Қазоқистон, муроҷиат намуд, то аз аҳволи писархонди боздоштшудааш огаҳ бошад.

Вале дар ҷавоб афсарони полис худи Герасимовро ба ҳабс гирифта, бо истифода аз шиканҷа аз ӯ тақозо намуданд, ки масъулияти куштореро ба гардан гирад.

Ҷеймс Голдстон мудири "Ташаббуси Адолати Ҷомеаи Озод" ё худ "Open Society Justice Initiative", ки ин шикоятро ба СММ матраҳ намудааст, мегӯяд, Герасимов 24 соатро дар боздоштгоҳи полис сипарӣ намуда, бо латту кӯби муназзам мувоҷеҳ шудааст.

Сарфи назар аз шиканҷа Герасимов ҳеҷ ҷурмеро ба гардан нагирифт ва афсарон ночор ӯро раҳо намуданд, вале ҷароҳатҳои ӯ чунон сангин будаанд, ки ӯ дар тӯли 13 рӯз дар яке аз шифохонаҳо бистарӣ шудааст.

Рӯзи 22 апрел дар Нюйорк Ташаббуси Адолати Ҷомеаи Озод ҳамроҳ бо Шӯъбаи Байналмилалии Ҳуқуқи Башари Қазоқистон қазияи шиканҷаи Герасимовро барои арзёбӣ ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ таслим намуд.

Одатан Ташаббуси Адолати Ҷомеаи Озод шиканҷа дар кишварҳои Осиёи Марказиро сабт намуда. саъй менамояд, қазияҳоро барои мурофиа ба додгоҳҳои маҳаллӣ кашад. Дар сурати нокомӣ ин созмон ба ниҳодҳои байналмилалӣ муроҷиат мекунад.

Ба қавли Голдстон зоҳиран шиканҷа барои кишварҳои Осиёи Марказӣ чизи нав нест: "Дар асл шиканҷа барои Осиёи Марказӣ мушкили нав нест. Мо воқеан ҳадаф дорем, ки барои қурбониҳои шиканҷа як ҷуброни қобили мулоҳиза касб намоем."

Голдстон умед дорад, ки СММ даъвои онҳоро пазируфта, ҳукумати Қазоқистонро водор ба ҷуброни хасороти Герасимов хоҳад кард. Ҳамчунон раҳбари ин созмони байналмилалӣ бовар дорад, ки баррасии қазияи Герасимов дар арсаи ҷаҳонӣ Қазоқистонро ба бознигариии низоми додгоҳӣ ва худдорӣ аз истифодаи шиканҷа дар истинтоқи боздоштшудагон маҷбур мекунад.

Аризаи герасимов ба СММ замоне пешкаш мешавад, ки Қазоқистон раҳбарии давраии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро бар дӯш дорад.

Дар ин бора Голстон мегӯяд: "Ба фикрам ин омил, ки Қазоқистон як курсии боҳашамати байналмилалиро ишғол намудааст, вақти муносиб барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ мебошад. Қисме аз ин ӯҳдадориҳо маънои онро дорад, ки ин кишвар бояд ба раванди адолати ҷиноӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намояд. Ва ба фикрам дар ин раванд аз байн бурдани шиканҷа як арми дорои авалавият аст."

Ҳамчунон Голдстон бознигарии парвандаҳои дигари марбут бо шиканҷа дар ин кишварро дархост намуд.
XS
SM
MD
LG