Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои низомии Эрон дар гулӯгоҳи Ҳурмуз


Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон размоиши густардаи низомии худро дар Халиҷи Форс ва гулӯгоҳи стратегии Ҳурмуз шурӯъ кардааст. Ин размоиш таҳти унвони "Паёмбари аъзам" доир мешавад.

Ба гуфтаи телевизиони Эрон ҳадафи ин тамрин намоиши тавони ҷангии кишвар ва таъмини амният дар ин минтақаи муҳим будааст.

Телевизиони ин кишвар ҳамчунин гуфтааст, ки дар машқҳои низомӣ киштиҳои тезрави бо номи "Ё Маҳдӣ" истифода шудаанд.

Ин киштиҳо радаре доранд, ки метавонад онҳоро аз назари душман пинҳон нигаҳ дорад. Мушкаҳои идорашаванда бартарии дигари ин киштии нав будааст.

Ин манбаъ аз иштироки 300 қаиқи баландсуръат бо тавони мушакандозӣ дар тамрин гузориш додааст. Телевизион порчаи тамринро нишон дода, ки дар он теъдоди бешумори қоиқҳои тезрав ба сӯи киштии бузурги душмани эҳтимолӣ мушак мепартофтанд.

Фармондеҳони Сипоҳи Нигаҳорони Инқилоб гуфтаанд, агар Иронро посух гуфтан ба таҳдиде зарур бошад, муҳим нест, ки таҳддигар кист.

Тамринҳо дар остонаи таҳримҳо

Тамрини ҳарбӣ дар ҳоле ҷараён дорад, ки мавқеъи давлатҳои Ғарбӣ бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон то рафт шадидтар мешавад. Иёлоти Муттҳаидаи Амрико бар сари ҷорӣ намудани таҳримоти навбатӣ алайҳи Эрон пофишорӣ дорад.

Эрон талаби Созмони Милалро дар заминаи даст кашидани ин кишвар аз фаъолиятҳои марбут ба ғанисозии уран рад кардааст.

Таҳримоти пешниҳодӣ ҷорӣ кардани маҳдудиятҳое алайҳи мақомоти калидии Теҳрон ва аъзои Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар назар дорад.

Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби исломии Эрон
Рӯзи чаҳоршанбе Пентангон гуфт, бо вуҷуди он ки Амрико аз дипломатия ва таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Эрон кор мегирад, баро боздоштани Эрон аз фаъолиятҳои ҳастаӣ, истифода аз нерӯ ҳамчунин як гузинаи дигар боқӣ мондааст.

Эрон ҳамеша такрори ба такрор гуфтааст, ки фаъолиятҳои ҳастаияш хусусияти мулкӣ дорад ва ба хотири дастрасӣ ба энержӣ ва ниёзҳои тиббӣ анҷом мешаванд.

Аммо Ғарб ба ин барномаҳо машкук шудааст ва аз он нигарон аст, ки Эрон ба сурати пинҳонӣ дар пайи бунёди бомбаи ҳастаӣ мегардад.

Аҳамияти бештари гулӯгоҳи Ҳурмуз

Теҳрон гуфтааст, дар посух ба ҳамгуна ҳуҷум ба пойгоҳҳои ҳастаии худ, давлати Исроил ва манофеъи Амрико дар минтақаро мавриди ҳуҷум қарор хоҳад дод ва гулӯгоҳи Ҳурмузро масдуд хоҳад кард.

40% дар сади нафт ва энережии ҷаҳон ба воситаи гулугоҳи Ҳурмузд интиқол мешаванд.

Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон рӯзи чаҳоршанбе таҳдид кард, ки дар сурати вуқуъи рӯёрӯиҳо Ғарбро ба зону хоҳад нишонд.

Ӯ гуфт: “Сиёсати ҳастаимон возеҳ аст. Бороҳ гуфтаем ва такрор кардаем, ки мо аҳли истифода аз силоҳҳои кушорти ҷамъӣ нестем. Аммо бидонанд, онҳо ҳам дар мувоҷеҳае бо миллат аз ин ҷур таҳдидҳо ва гундагӯиҳо тарфе нахоҳанд баст. Миллати Эрон инҳоро бо ҳама ин иддаоҳое, ки доранд залил хоҳад кард ва ба зону дар хоҳад овард”.

Аз соли 2006 ба ин тараф, Эрон бо ҳадафи намоиши тавони низомӣ, ҳамасола дар Халиҷи Форс ва гулӯгоҳи Ҳурмуз тамрини ҳарбӣ баргузор мекунад. Ин машқҳо то ҳол танишҳоеро дар минтақа ба вуҷуд оварда буданд. Аммо акнун бештар ҳамият пайдо мекунанд.

Теҳрон аз изҳороти ахири Барак Обама, ки гуфт Амрико ба кишваре ҳуҷум намекунад, ки силоҳи ҳастаӣ надорад, вале исми ду кишвар Эрон ва Кореяи Шмолиро ба руйхати кишварҳои мавриди ин тааҳудот ворид накард, хашмгин шудааст.

Вокуниш ба стратегияи ҳастаии Амрико


Раҳбари Эрон ин амалро ҳамчун таҳдид пазируфт: “Раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта ба забони талвеҳ ва ишора таҳдиди атомӣ кард. Дар миллати Эрон корагар нест таҳдиди Амрико, аммо ин мояи нанге шуд барои таърихи сиёсии Амрико”.

Исроил, ки ба гуфтае ягона давлати дорои муҳимоти ҳастаӣ дар Ховари Миёна унвон мешавад, барномаҳои ҳастаии Эронро хатаре ба мавҷудияти худ тасвир мекунад.

Мақомоти Исроил ҳамчунин мегӯянд, ки ҳуҷуми ҳарбӣ болои пойгоҳҳои ҳастаии Эронро сарфи назар намекунанд.
XS
SM
MD
LG