Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Қандаҳор дар остонаи амлиёти НАТО


Дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон имрӯз тарсу ҳароси мардум афзоиш ёфтааст, зеро онҳо аз ҳоло медонад, ки нируҳои НАТО дар ин шаҳр амалиёти низомиро ба нақша гирифтаанд, то афроди Толибонро аз ин шаҳр берун кунанд.

Вале то ҳол рӯшан нест, ки ин амалиёт кай ва ба чӣ шевае баргузор хоҳад шуд. Бо вуҷуди ин, аҳолии маҳаллӣ ба ҳарос афтодаанд. Қандаҳор ҳамеша худро рақиби Кобул медонад.

Қандаҳориҳо дар шаҳри қадимиву пуровоза зиндагӣ мекунанд ва аз гузаштаҳо шаҳри худро чун қалби иқтисод ва сиёсату фарҳанги Афғонистон ва рақиби Кобул медонанд. Вале ин шаҳр солҳои ахир ба унвони шаҳре, ки зиндагии орому маъмулӣ дошта бошад, бо мушкилӣ метавонад рақиб дониста шавад.

Ҳоло ин шаҳри дорои ним миллион аҳолиро Аҳмад Валӣ Карзай, бародари Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурӣ раҳбарӣ мекунад ва дар бораи вай ақидаҳо яксон нест. Сокинон мегӯянд, ришвахорӣ густариш ёфтааст ва пулис зери нуфузи ҷангсолорони маҳаллист.

Шабона бисёре аз қисматҳои шаҳр зери контроли Толибон медарояд. Рабудани афрод ва ё суиқасд ба ҷони ононе, ки дар ҳукумат кор мекунанд ё бо онҳо ҳамкорӣ доранд, ба зуҳуроти маъмулӣ табдил ёфтааст.

Ҳоло ҳароси аҳолӣ дар остонаи амалиёти барои тобистон барномарезишудаи НАТО бештар шудааст. Касе намедонад, ки ин амалиёт кай оғоз меёбад. Сару садоҳое, ки гаҳ гоҳе аз номи мақомоти низомии ғарб ба пахш мекунанд, ин аст, ки гӯё ин амалиёт моҳи июн бояд шуруъ шавад. Аз номи генаралҳои амрикоӣ мегӯянд, ки дар ҷараёни ин амалиёт ҳамлаи густарда дар назар нест, балки "сатҳи амният"-ро дар ин шаҳр болотар мебаранд.

Набуди иттилоъоти дақиқ дар бораи ин амалиёт мадумро ба ин андеша водоштааст, ки ҳар гуна амалиёти ба таври ҷиддӣ пайрезишудаи низомӣ наметавонад мушкилиҳои ин шаҳрро ҳал кунад. Абдулаҳмад Муҳаммадёр-нависанда аз Қандаҳор аз номи сокинони шаҳр ибрози нигаронӣ мекунад. Вай амалиёти низомии вилояти Ҳилмандро намуна меорад, амалиёте, ки нируҳои НАТО аз деҳи Марҷаъ Толибонро берун ронданд.

Ӯ мегӯяд, ин амалиёт намунаи хуб набудааст: "Мо дар давоми 9 соли гузашта ҳамеша амалиёти низомӣ доштаем. Ин кори нав нест. Танҳо мардум аз ин гуна амалиёт зарар дидаанд, танҳо мардум бояд хисороти ин амалиётро муттаҳаммил шаванд. Агар мо ба амлиёти Ҳилманд нигарем, мебинем, ки мардум зарар дидаанд, хонаҳои худро аз даст додаанд ва гурусна мондаанд. Ман наметавонам бигӯям, ки амалиёти Қандаҳор бахше аз сиёсати нави стратегист ва натиҷаҳои мусбат медиҳад ё мушкилиҳои амниятиро ҳал ё нируҳои зидди ҳукуматиро заиф мекунад".

Генерал Стейнлӣ Мак Кристал, фармондеҳи аршади нируҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон мегӯяд, ин амалиёт барои Қандаҳор гушоиши ҷабҳаи нав ё соати фарорасии пирӯзӣ арзёбӣ кард. Ин як навъ амалиётест, ки ба душман ҳамла мешавад ва онҳоро ба пинҳонгоҳҳо бармегардонад, он гуна, ки дар ҷараёни амалиёти Марҷаъ дар моҳи феврал дар Ҳилманд мушоҳида шуд.

Масъалаи дигар масъалаи беҷошудагон аст. Ҳазорон нафар дар ҷараёни амалиёти Ҳилманд ба Қандаҳор фирор карданд ва то ҳол дар хориҷи шаҳри Қандаҳор дар хаймаҳо ба сар мебаранд.

Онҳо аз бозгашт ба Ҳилманд метарсанд, зеро дар остонаи амалиёт Толибон бисёр ҷойҳоро мингузорӣ карданд. Ин беҷошудагон ҳарос доранд, ки то ҳол Толибон дар Ҳилманд фаъоланд ва баъд аз бозгашти онҳо Толибон қасос хоҳанд гирифт. Ҳар рӯз аз деҳоти атрофи шаҳри Қандаҳор хонаводаҳо ба шаҳр кӯч мебанданд, аз деҳоте, ки дар он ҷойҳо нируҳои НАТО амалиёт анҷом додаанд.

Онҳо мегӯянд, ки нисбат ба деҳот онҳо худро дар шаҳри Қандаҳор амнтар эҳсос мекунанд. Бисёре аз қандаҳориҳо мегӯянд, роҳи ягонаи таъмини оромӣ дар шаҳр ин аст, ки ҳар чӣ бештар Толибонро бар сари мизи музокира бикашанд. аҳмадшоҳ Сипеҳр раиси созмони иҷтимоии "Корвони сулҳ" дар ин бора мегӯяд.

Ӯ мегӯяд: "То даме, ки мо идораи ҳукуматӣ надорем, мо наметавонем ба мардум нуфуз дошта бошем. Ман бовар дорам, ки шумо ҳеҷ чизро наметавонед ба мардум таҳмил кунед ё онҳоро маҷбур созед. Шумо бо зӯри силоҳ ё нирӯ наметавонед ҳукумат кунед. Шумо бояд дили мардумро ба даст оред. Агар ҳукумате бошад, ки ба дилу дидаҳои мардум роҳ ёбад, дар он сурат ҳатто душман ба чунин ҳукумат бовар мекунад ва ба музокира моил мешавад".

Дар як назархоҳӣ, ки ахиран дар миёни 2 000 сокини Қандаҳор анҷом гирифт, аз ҳар панҷ нафар чаҳор нафар аз ҳамин ақида ҷонибдорӣ кардаанд ва гуфтаанд, агар толибон бо кор таъмин шаванд, ҷангро қатъ мекунанд. Аз 20 нафари пурсидашудагон 19 нафарашон гуфтаанд, ки бояд бо Толибон музокира анҷом дод. Танҳо як нафар хостори идомаи ҷанг бо Толибон шудааст. Ин назархоҳиро моҳи декабри соли гузашта як маркази мутолеотии Массачусетос бо номи Глевум Ассошиейтс анҷом додааст.

Мақомоти НАТО ва Афғонистон умедворанд, ки амалиёти барномарезишуда ба андозаи кофӣ Толибонро заиф ва онҳоро водор хоҳад кард, ки паси мизи музокира биншинанд. Карл Форсберг тҳлилгар аз Маркази мутолеотии Ҷанг ва Сулҳ дар Вошингтон мегӯяд, мумкин аст ба амалиёти Қандаҳор ҳудуди 25 000 ниру ҳам аз ҷониби нируҳои эътилоф ва ҳам аз ҷониби нируҳои Афғонистон ҷалб шаванд.

Ба гуфтаи вай, бояд бештари ин нируҳо пас аз амалиёт барои чанд моҳ дар Қандаҳор бимонанд. Сипас ин нируҳо тадриҷан амнияти Қандаҳоро дар ихтиёри нируҳои пулиси маҳаллӣ хоҳанд гузошт.
XS
SM
MD
LG