Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи Арманистон тасвиби созишномаро намехоҳад


Эътилофи ҳокими Арманистон даъват кардааст, ки тасвиби созишнома дар бораи оддӣ сохтани муносибот бо Туркия ба ҳолати таълиқ дарояд. Баъд аз даҳҳо сол хусумат Арманистону Туркия моҳи октябр созишномае ба имзо расонданд, ки тибқи он бояд муносиботи дипломатӣ барқарор ва марзҳояшонро бар рӯи якдигар боз кунанд. Аммо тасвиби ин созинома дар порламонҳои ҳар ду кишвар ба сабаби мунозираҳо пиромуни қатли оми арманиҳо дар солҳои ҳукмронии туркҳои усмонӣ ба таъхир афтод. Арманиҳо пофишорӣ мекунанд, ки ин куштор чун миллаткушӣ ё қатли оми арманиҳо шинохта шавад, вале туркҳо ин иддаоро рад мекунанд. Яке дигар аз масъалаҳои мавриди баҳс масъалаи Қарабоғи Кӯҳистонист, ки то ҳол миёни Арманистону Озарбойҷон бидуни ҳал боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG