Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи сокинони деҳоти атрофи роҳи пулакӣ ба президент


Сокинони деҳоти ноҳияи Варзоб зимни як номаи дастаҷамъӣ унвонии раисиҷумҳури Тоҷикистон аз гаронии нархи истифодаи шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ шикоят кардаанд. Дар ин нома, ки ба гуфтаи муаллифон, ба он беш аз 10 ҳазор нафар имзо гузоштааст, қиммати роҳпулӣ «беинсофона» унвон шудааст. Муаллифони нома изҳори нигаронӣ кардаанд, ки таруфаҳои гарони таъиншуда сабаби болоравии бамаротиби нарху наво дар бозорҳои кишвар хоҳад шуд ва зиндагии мардуми сангин хоҳад кард. Онҳо сарфи назар шудани манфиати сокинони деҳоти масири шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҳангоми таъини таруфаҳоро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандии худ номидаанд. Муаллифони ин нома аз тақозо кардаанд, ки назорати роҳи пулакӣ ва ситонидани роҳпулӣ ба зиммаи ҳукумати Тоҷикистон вогузор шавад. Онҳо ҳамчунин талаб кардаанд, ки нархи истифодаи ин роҳ бо назардошти сатҳи зиндагии мардум имтиёзҳои сокинони масири шоҳроҳ бознигарӣ шавад.
XS
SM
MD
LG