Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор дар бурҷи нафткаши Амрико дар Луизиана


Дар бурҷи нафткашии Амрико дар соҳилҳои аёлати ҷанубии Луизианаи Иёлоти Муттаҳида таркише ба вуқӯъ пайваст. Дар лаҳзаи инфиҷор тақрибан 126 нафар дар он машғули кор буданд. 17 нафар маҷрӯҳ ва 11 тани дигар гум шудаанд. Сӯхтоpнишонон машғули хомӯш кардани оташанд. Қаблан хабар мерасид, ки бурҷ қадре ҳамоил шуда, нафт аз лӯлаҳои он берун мерехт.
XS
SM
MD
LG