Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши вазирони хориҷии кишварҳои НАТО дар Таллин


Дар Таллин, пойтахти Эстония имрӯз ҳамоиши вазирони хориҷии кишварҳои узви НАТО доир мешавад. Дар ин нишаст ҳамкорӣ бо Русия ва ояндаи Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд.

Тасмими доир кардани нишаст дар Эстония - собиқ кишвари Шуравӣ тазмин медиҳад, ки мавзуи аслии ҳамоиши НАТО Русия хоҳад буд. Дар тӯли моҳҳои ахир НАТО кӯшиш кард робитаҳояшро бо Маскав эҳё кунад, аммо Кремлин нишасти тарҳрезишудаи Шӯрои Русия НАТО-ро ки мебоист дар ҳошияи нишасти Таллин доир мешуд лағв намуд.

Дабири кулли НАТО Андрес Фог Расмуссен эҷоди робитаҳои ҳасана бо Русияро аз авлавиятҳои худ эълом намуд. Зимни суханрониаш рӯзи душанбе дар Брусел вай гуфт, ки нуқтаи калидии ҳамкориҳои ояндаи миёни НАТО ва Русия имкони таҳияи барномаи муштараки дифои зидди мушакии НАТО ва Русия мебошад.

Ҷаноби Расмуссен афзуд, “ман бовар дорам, ки ташкили дифои зидди ҳамлаҳои мушакӣ, ки Русияро низ дар бар гирад, ба таъмини воқеии низоми амниятии Аврупо тавре, ки мо онро дидан мехоҳем, мусоидат хоҳад кард.”

Таҳлилгарон бар инанд, ки бо чунин пешниҳод НАТО ба Русия дасти дӯстиро дароз мекунад. Маскав ба нақшаҳои истиқрори сипари зиддимушакии Aмрико дар Аврупои Шарқӣ мухолифати сахт нишон дода буд. Соли гузашта Вошингтон аз ин нақша даст кашид.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, ин гоми Расмуссен бисёр баҳсбарангез аст ва на ҳамаи аъзои НАТО ба он розианд. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев соли 2008 пешниҳоди ҳамсон карда буд, аммо он замон аксарияти аъзои паймон онро кӯшиши Маскав барои тахриби НАТО ҳисобиданд.

Расмуссен дар мусоҳибааш бо радиoи Озодӣ гуфт, ки нақшаи ба аъзогӣ пазируфтани Украина ва Гурҷистон бекор нашудааст. Робитаҳои Русия бо Эстония, ки узви НАТО аст, низ сард боқӣ мемонад. Вазири корҳои хориҷии Эстония Урмас Пает робитаҳоро миёни Русия ва НАТО “девонагӣ” арзёбӣ карда гуфт, дар ҳоле. ки НАТО мехоҳад муносибатҳояшро бо Русия барқарор кунад, он кишвар паймонро душмани худ меҳисобад.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, тарзи рафтори Расмуссен ба Маскав сиёсати раисиҷумҳури Амрико Барак Oбамаро инъикос мекунад, ки мехоҳад робитаҳояшро бо Русия аз сар бигирад. Расмуссен гуфт, ки манфиатҳои муштарак аз фазоҳои ихтилоф муҳимтар аст.

Дигар мавзуи муҳиме, ки қарор аст зимни нишасти Таллин баррасӣ шавад, вазъи Афғонистон хоҳад шуд. Дар ҷанги Афғонистон барои НАТО ҳамкории Русия бениҳоят муҳим аст, чунки аз тариқи ин кишвар интиқоли муҳимот барои таъмини низомиёни эътилофи байнулмилалӣ сурат мегирад.

Интизор меравaд, ки Русия дар тамрини артиши Афғонистон низ саҳм бигирад.
XS
SM
MD
LG