Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи малах ба киштзорҳо


Бо омадани баҳор ва мавсими киштукор мушкили чандинсолаи ҳамлаи малах ба майдонҳои кишт дар вилояти Хатлон дубора ба миён омадааст.

Мухтор Ҳасанов, раиси корхонаи воҳиди давлатии мубориза алайҳи малах дар вилояти Хатлон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, танҳо дар чанд ҳафтаи ахир малахи марокашӣ дар беш аз 25 ҳазор ҳектор замин ва пуштаҳои 15 ноҳияи ҷанубии кишвар мушоҳида шудааст.

Зимнан, имсол ҳам дар маркази маъмурии вилояти Хатлон ситоди вилоятӣ ва дар навоҳии малахзадаи минтақа ситодҳои маҳаллии мубориза алайҳи ҳамлаи малах таъсис дода шудааст. Мухтор Ҳасанов, раиси корхонаи зиддималахи Хатлон, мегӯяд:

«Заҳрхимикатҳое, ки ба мо фиристоданд, барои безарар кардани заминҳо аз малах шояд кифоят мекунад, аммо дасти корӣ намерасад…»

Бо ин вуҷуд ки пайдоиши малах дар қаламрави баъзе навоҳии Хатлон дар авохири моҳи март мушоҳада шудааст, масъулин бо таъкид ба камбуди заҳри зиддималах ва дастгоҳҳои вижаи малахкуш, умури безараргардониро дер оғоз кардаанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки дар соли гузашта беш аз 70 ҳазор ҳектор замини киштшудаи вилояти Хатлон бар асари ҳуҷуми малахи навъи марокашӣ тахриб шуда буд.

Ба иттилои корхонаи мубориза бо малах дар вилояти Хатлон, соли 2009 барои маҳви малах беш аз як миллион сомонӣ маблағ масраф шуд, аммо ҳамоно малахи навъи марокашӣ даҳҳо ҳазор ҳектор пушта ва замини корамро вайрон карда, пурра нобуд нашудааст. Дар ин корхона гуфтанд, ки вазорати кишоварзӣ чаҳор адад ҳавопаймои махсуси дорупош дар ихтиёр дорад, аммо басабаби камбуди маблағ, наметавонад аз онҳо дар мубориза бо ҳамлаи малах истифода кунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки танҳо дар як ҳафтаи ахир ҳаҷми хисороти молӣ бар асари ҳамлаи малах ба заминҳои киштшуда ба даҳҳо ҳазор сомонӣ баробар шудааст.

Мақомоти кишоварзии Тоҷикистон бори аввал нест, ки бо мушкили ҳамлаи малахи навъи марокашӣ ба заминҳои кораму сабз рӯ ба рӯ мешаванд.

Танҳо дар соли 2008-ум 115 ҳазор ҳектор замин дар 14 ноҳияи вилояти Хатлон валангор шуд. Ин ҳам дар ҳоле ки панҷ ҳазор нафар аз мутахассисон, аскарони вазорати дифоъ, кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва худи кишоварзон барои маҳви малах беш аз 13 ҳазор тонна заҳрхимикат масраф карданд.

Самандар Иззатов, кишоварз аз ноҳияи Ҷилликӯл, мегӯяд, то имрӯз беш аз 4 ҳазор ҳектор замини киштшудаи хоҷагиҳои ноҳия, бинобар ҳамлаи малах вайрон ва маводи кошта аз даст рафтааст. Вай мегӯяд, мубориза бо ҳамлаи малах бояд дастикам якуним моҳ беист идома кунад, аммо дар соли гузашта танҳо ҳудудан 10 рӯз заминҳои тахрибшуда аз ҳуҷуми малах заҳрпошӣ гардиданд, ки таъсири қобили мулоҳиза надоштанд.

Ба қавли коршиносон, малахи марокашӣ дар гармою сармо тобовар буда, ҳар яке аз як то се дона найча мегузорад, ки андаруни он аз 18 то 42 адад тухм мавҷуд аст. Яъне ба ҳисоби миёна ҳар як малах аз 80 то 105 адад тухм мегузорад. Бо ин ҳама коршиносон таъкид мекунанд, ки дар сурати аз тадобири муассири маҳви малах кор нагирифтани мақомот, имсол ҳам бахши аъзами маҳсулоти киштшудаи кишоварзӣ талаф хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG