Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи интихоби президенти Лаҳистон эълон хоҳад шуд


Иҷрокунандаи вазифаи президенти Лаҳистон Бронислав Комаровски имрӯз таърихи баргузории интихоботи нави президентии ин кишварро эълон хоҳад кард. Лаҳистон аз президенти худ Лёх Качински ва даҳҳо афроди баландпояаш дар суқути ҳавопаймои давлатӣ дар ғарби Русия рӯзи 10-уми апрел маҳрум шуд. Назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки Комаровски ҳамчун номзади эътилофи марказгарои сарвазир Доналд Таск имкониятҳои бештари пирӯзиро дорад. Интизор меравад, интихобот дар моҳи июн баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG