Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори аҳли хонаводаи раиси милисаи сунниҳо


Дар Ироқ афроди ношинос се навраси аз 12 то 16-соларо сар буриданд. Ҳамроҳ бо онҳо модар ва хоҳарашон низ кушта шудаанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ҳамаи аҳли хонаводаи раиси милисаи сунниҳо полковник Тавфиқ ал-Ҷанабӣ буданд ва дар манзили зисташон дар шаҳри Тармия, воқеъ дар 45-километрии шимоли Бағдод, ба қатл расиданд. Дастаҳои милисаи “Ал-Саҳво” чаҳор сол пеш аз сӯи суннимазҳабҳои маҳаллӣ ташкил шуда, ҳамроҳ бо низомиёни амрикоӣ ва нерӯҳои ҳукуматии Ироқ алайҳи мусаллаҳони “Ал-Қоида” меҷанганд.
XS
SM
MD
LG