Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурмонбек Боқиев Қазоқистонро низ тарк кард


Вазорати умури хориҷии Қазоқистон эълом кардааст, ки Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон он кишварро тарк кардааст. Аммо маълум нест, Боқиев ба қасди кадом кишвар Қазоқистонро тарк карда ва феълан дар куҷо ба сар мебарад.

Қурмонбек Боқиев баъди шӯридани мардум, дар Бишкек ва кушта шудани даҳҳо нафар бар асари нооромиҳо ба ҷануби Қирғизистон гурехт. Боқиев дар зодгоҳаш - Ҷалолобод талош кард ҳаркати ҷонибдорони худро ба роҳ андозанд. Аммо бо миёнҷигарии Қазоқистон, ки раҳбарии САҲА-ро бар дӯш дорад, Боқиев аз Қирғизистон ба ҷануби Қазоқистон рафт.

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ба думболи он гуфт, ҳадаф аз берун овардани Боқиев, ҷилавгирӣ аз эҳтимоли сар задани ҷанги дохилӣ дар Қирғизистон буд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Қазоқистон акнун гуфтааст, Боқиев, “қаламрави Қазоқистонро тарк кардааст”, аммо ӯ нагуфтааст, ки Боқиев ба кадом кишвар рафтааст.

Қаблан Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус гуфта буд, кишвараш омода аст, дар сурате, ки Қурмонбек Боқиев хоста бошад, ӯро бипазирад. Вале феълан, дар бораи он ки Боқиев Белорусро ихтиёр карда бошад низ, маълумоте нарасидааст.

Боқиев баъди тарки Қирғизистон карданаш ба номаи истеъфои худ имзо гузошт. Идораи умури Қирғизистон феълан дар ихтиёри ҳукумати муваққат аст, ки раҳбарии онро Роза Отунбоева бар ӯҳда дорад.

Ҳукумати муваққат порлумон, идораи раёсати ҷумҳурӣ ва додгоҳи Қонуни асосии ин кишварро лағв кардааст. Қарор аст, то шаш моҳи дигар дар ин кишвар, нахуст раъйгирӣ барои ислоҳоти Қонуни асосӣ ва ба думболи он интихобот сурат бигирад.

Тазоҳуроти хунини шаҳри Бишкек, ки рӯзи 7 -уми апрел оғоз шуд, 80 кушта ва садҳо маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.

Тафсилоти бештар таҳаввулоти Қирғизистон:

Шаш моҳи сарнавиштсоз дар Қирғизистон

Вокунишҳо ба хуруҷи Боқиев аз Қирғизистон
XS
SM
MD
LG