Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷол барои замин дар шаҳри Бишкек


Ҳудуди 1000 нафар афроди мусаллаҳ бо калтаку чӯбдаст, имрӯз дар ҳошияи шаҳри Бишкек пойтахти Қирғизистон, бо кормандони пулис рӯ ба рӯ омаданд. Ин гурӯҳ аз мақомоти расмӣ хостаанд, то онҳо заминҳои ишғолкардаашонро дар як рустои назди Бишкекро расман ба номи онҳо сабти ном кунанд. Баъди иҷрои ин талабашон аз тарафи шаҳрдори муваққати Бишкек, ин мардум пароканда шудаанд. Ба гуфтаи пулис, тазоҳургарон се мошини онҳоро оташ задаанд. Айни ҳол, тарафдорони Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон дар зодгоҳи ӯ шаҳри Ҷалолобод тазоҳуроти эътирозӣ баргузор кардаанд. Ҳудуди 1000 нафар дар майдони марказии шаҳри Бишкек ҷамъ омада ва давлати муваққатиеро маҳкум намудаанд, ки баъди шӯридани мардум дар рӯзи 7 апрел ва фирори Боқиев аз шаҳри Бишкек таъсис шудааст.
XS
SM
MD
LG