Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мехоҳад, бо ҳамаи аъзои Шӯрои Амният гуфтугӯ кунад


Эрон нақша дорад барои бурунрафт аз бумбаст дар масъалаи сӯхти ҳастаӣ бо ҳамаи аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфтушунид кунад. Вазири умури хориҷии Эрон, Манучеҳри Муттакӣ, гуфт, музокироти кишвараш бо 14 узви Шӯрои Амният дар рӯзҳои наздик ба амал хоҳад омад. Мутаккӣ афзуд, яке аз гуфтушунидҳо ғайримустақим ҷараён хоҳад ёфт ва манзураш Иёлоти Муттаҳида буд. Вай гуфт, музокирот ба қарордоди табодулаи сӯхт марбут буда, онҳоро намояндагиҳои Эрон баргузор хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG