Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс мегӯяд, қадамҳои баъдӣ дар робита ба Эрон маълуманд


Вазири дифои Иёлоти Муттаҳида, Роберт Гейтс, хабар дод, ки ба ҳайати амнияти миллии президент Обама ёддоште фиристода, дар он қадамҳои баъдии бархӯрд ба барномаи ҳастаии Эронро номбар кардааст. Гейтс гузориши рӯзномаи "Ню Йорк Таймс"-ро дар ин бора шарҳи нодуруст унвон кард. Дар ҳоле ки нома моҳи январ ирсол гаштааст, рӯзнома менависад, ки ин як ҳушдорест ба Кохи Сафед дар бораи он ки гӯё Иёлоти Муттаҳида стратегияи муназзами ҷилавгирӣ аз талошҳои Эронро дар дастёфт ба силоҳи ҳастаӣ надорад.
XS
SM
MD
LG