Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руасои нави додгоҳҳо камбудиҳоро бартараф мекунанд?


Бино ба хабари дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи шанбе Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури ин кишвар 66 нафарро ба мақоми руасои додгоҳҳои вилоятҳову шаҳрҳо ва ноҳияҳо таин кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо онҳо таъкид кардааст, ки ҳадаф аз ворид овардани тағирот дар қонунҳо боло бурдани салоҳияти ниҳодҳои додгоҳии кишвар аст ва чунин салоҳият масъулияти кормандони додгоҳҳоро низ боло мебарад. Раиси ҷумҳур аз рафтори баъзе руасо ва кормандони додгоҳҳо изҳори нигаронӣ кардааст ва гуфтааст, ки муттаассифона, гоҳо чунин кормандон ба ришвахорӣ даст мезананд ва рафтори онҳо эътибори давлату ҳукуматро дар миёни мардум кам мекунад. Президент гуфт, ба нишонии раёсати ҷумҳурӣ дар бораи камбудиҳо дар фаъолияти кормандони ин ниҳод шикоятҳои зиёд расидаанд ва ба ин шикоятҳо бояд расидагӣ анҷом бигирад. Руасои нави додгоҳҳо қавл додаанд, ки ин камбудиҳоро бартараф мекунанд.
XS
SM
MD
LG