Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азизаро барои исломгароӣ аз Русия меронанд


Ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар вилоятии Комии Русия аз ҳукми додгоҳи шаҳри Сиктиквор дар бораи ихроҷи шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Азиза Сангинова изҳори норозигӣ карданд. Ҳарчанд додгоҳ Сангиноваро дар нақзи муқаррароти иқомат айбдор мекунад, ҳомиёни ҳуқуқ аз созмони "Мемориал" мегӯянд, сабаби асосӣ дар он аст, ки бо ташвиқҳои Сангинова бисёре аз занон дар Сиктиквор дини исломро пазируфтаанд. Намояндаи "Мемориал" Эрнест Мезок гуфтааст, азбаски хонуми Сангинова Қурон ва забони арабиро хуб медонад, сокинони шаҳр ӯро раиси ҷамоаи занони мусулмон интихоб карданд ва аз рӯи вазифааш ӯ бо занон ва таблиғи ислом машғул буда, ба ягон амали дигари хилофи қонунҳои Русия роҳ надодааст.
XS
SM
MD
LG